Ошно, рафик, бародар ва дуст. На таджикском языке

ОШНО,  РАФИК,  БАРОДАР  ВА  ДУСТ

Ошною рафику бародар ва дуст хар гунаанд,

На хар яке з-онон дар мехру вафо намунаанд.

Ошно хамон шиносест, ки варо чанд бор дидаи

Аммо дар боби хислаташ харфе нашунидаи.

Рафиконатанд хамкору хамсабаку хамсафар,

Дар байнашон мумкин аст, бошад дустат ягон нафар.

Дар дини мо муъминон ба хамдигар бародаранд,

Хох хеши надошта бошанд, хох акою додаранд,

Хайрхохи бинмуда дар рафокату бародари,

Чун пеш ояд зарурате, ба хам бояд кунанд ёвари.

Лек макоми дуст назди мо тамоман дигар аст,

Дуст ба хар як инсон аз чону дил наздиктар аст.

Дуст гох ошкору гох нихон дустро химоя мекунад,

Дар шоду гам шарик мешаваду соя мекунад.

Дуст ба хонаи дуст хамеша рафтуо мекунад,

Хам дар хаёту хам пас аз маргаш дуо мекунад,

Дар хар амали нек ба дусташ иктидо мекунад,

Бахри дуст, гар лозим ояд, чонаш фидо мекунад.


Рецензии