Амри дил. На таджикском языке
Хумори май агар ояд, нахохам рафт ба туйхона.
Зи айшу нуши хони муфт меояд нафратам доим,
Намехохам нишинам гирди хони муфти шохона.
Дилам хохад агар чоме, ба накди худ хаменушам,
На чун оне, ки менушад зи саркутхои бегона.
Зи пурии хамёни шиносе магрурихо аз чист?
Чаро месозанд аз алтофи сарватманде афсона?
Чи бошад магрури аз сарвату давлати хешон?
Сахо гуфтан хатост ин шухратпарастию хангома.
Сарам дард мекунад аз илтифотхои риёкоре,
Чу аз боби риёкори кашад суи тарабхона.
Барои ман хуш аст аз оши серравгану сергушт
Хамон нони халоли дуст дар дастархони чойхона.
Хамечушад деги нафратам аз лофу манманихо,
Чу хамрох мешавам нохост ба нишастхои мастона.
Ба гушам чун мерасанд алфози бешармонаю зишт,
Пушаймон мешавам з-он, ки гузар кардам ба майхона.
Маро дар халкаи ёрон, дар он гапхои хамдилон
Хамефорад бо амри дил нишастхои харифона.
Биё, ки дур шавем аз гам, нишаста як даме бо хам,
Кушода сафхахои мехр, дар сухбатхои дустона!
Свидетельство о публикации №125041607982