Сазовори дуои. Экспромт на стихи Шодибека. На тадж

    Ту, ки аз чон бехтар медони модар,

    Сазовори дуо хасти, бародар,

    На як бору ду бор шохид бигаштам,

    Нишасти назди  мо бо ёди модар.

    Хамеша гашта аз холаш хавотир,

    Ту зангаш мезади, то ёби бовар,

    Ки он дам табъи у чоку ба ёри

    Набошад баногохе мухточ модар.

    Шунида харфи у мегашти шодон,

    Ки гуё точ бинхода бошандат бар сар,

    Бифахр имрузу хар руз, Шодибеко,

    Ки дуогуят бувад доим модар!


___________________________________



Шодибеки Понгози (Шодибек Дадоматов)

НОМА  БА  МОДАР

Салом, эй модари равшанзамирам,

Салом, эй муттакои беназирам.

Расад рузе, ки пахлуят нишинам?

Шавад, ки пеши пои ту бимирам?

Дилам бо ту валекин аз ту дурам,

Ки дар банди гарибихо асирам.

Ягона орзуям он, ки аз нав

Чу тифле ман зи домонат бигирам.

Сари зонуи ту гар сар бимонам,

Баланд аз маснади шоху вазирам.

"Ту кай меои?" - пурси, лол монам,

Агарчи дар сухангуи шахирам.

Манам парвардаи мехри ту, модар,

Аз ин ру мулки дилхоро сафирам.

Хушо, бахти сафед гардид насибам,

Аз он, ки бо мухаббат доди ширам.

Ба суят хар замон таъзим намоям,

Аё олампанохи ман, кабирам.

Агар аз ман ту рози боши, модар,

Намирам ман, намирам ман, намирам!



Шахри Ижевск.  02.12.2021


Рецензии