Муночот. На таджикском языке

            М У Н О Ч О Т



Пароканда сохта шубхахои беасос,

То ки дихам махзунии фикрхоро бар бод,

Хостам  дар ин айём суруре  кунам эхсос,

Лек хотирахо имкон намедаханд, хайхот!


Хамон  хотироти пуршури чавониям,

Ки шохиданд бар гуруру манманихоям,

Газабхои пурхуруши ногахониям,

Пушаймони ва худ ба худ сарзанишхоям.


Хакикатхои зиндагониро дарк кардан

Ба сад душвори муяссар мешавад имруз,

Зиёд гардида бори гунаххо дар гардан,

Гаронтар мешаванд хар лахзаву хар руз…


Чун якеро зи нодони кардаам содир,

Гунахи дигаре худ аён буду, вале

Наоварда андеша ба гушаи хотир,

Бахри ислохаш хаёле нанмудам даме…


Кош минбаъд хар дами ин умри худодода

Бо тахаммулу андешаву сабру токат

Ба ичрои кори хайреву писандида

Сарф мегардид ба изнат, эй МАНБАИ ШАФКАТ!


_________________________________



http://stihi.ru/2019/08/04/2993


Рецензии