Табассуми бегаш. На таджикском языке

ТАБАССУМИ БЕГАШ

Имкони лабкушои, ёро, ба ту надода,

Боре вакти сархуши рози дилам кушодам.

Бехуд будаму хушхол, болидаму сурудам,

Ниммасту нимахушер изхори ишк намудам.

Ту боши бо табассум он вакт харфе нагуфта,

Пинхон нигах дошти шури дили ошуфта.

Моху рузхо гузаштанд, лек дар ёд он лахза монд,

Изхори ишки пинхон чун нохуш як харза монд.

Он табассуми бегаш, ки бурд хичолат аз дил,

Аз он замон бигирифт дар калби ман низ манзил.

Дустии хар дуямон то абад поянда монд,

Дар дилхо ишки поку дар лабхомон ханда монд.


Рецензии