Тахайюл. На таджикском языке

 

       Т А Х А Й Ю Л

Сахаргохе будам на хоб на бедор,
Зи овозе махину модарона
Садо омад ба гуш гуё ба зинхор:
«Шунав аз ман, азизам, ин тарона»…

Шуда мафтуни он овоз ба як дам,
Варо гуё ба чашми дил бидидам,
Чу абре буд, ба огушаш паридам,
Чилояшро ба хайрони шунидам…
Намонд дар дил асар аз дарду аз гам…

Тарона буд равону пурназокат,
Дар он буд мазмуни дину тарикат,
Гуворо даъвате суи хакикат,
Ки хар харфаш пур аз аклу зарофат.
Хикоят менамуд аз мехру шавкат,
Зи илму аз адаб, хусни рафокат,
Мухаббат зиннаташ буду садокат,
Хамеомад аз он буи шафоат.
 

Тарона буд чу як чисме хаюло,
Ки дошт пахноию хам пасту боло.
Басо хам дилкашу ширинбаён буд,
Ва гуё аллаи модар дар он буд,
Навояш чун садои булбулон буд,
Ба мисли оби чуйбори равон буд,
Чунон як куввае дар он нихон буд –
Хаёлам, мазмуни харду чахон буд.


Рецензии