Одилобод ва Бедодгарон. Мазмуне аз Синбоднома

ОДИЛОБОД ВА БЕДОДГАРОН

(МАЗМУНЕ АЗ СИНБОДНОМА)

Подшохе як замон шахре намуд бунёд,
Шахре, ки адл дар он хукмрон буд, мардум шод.
Шукри Яздони Пок карда,  сокинонаш
Ниходанд номи он шахрро "Одилобод".

Кадри мехнат дар Одилобод буд баланд,
Сохибхурмат буданд дехкону хунарманд,
Фаровон буд бозору чумла мол арзон,
Хамекушид шох то халк набинад газанд.

Зи бас, ки дари илму фарханг буд кушод,
Баандеша буданд мардуми босавод,
Туфайли маърифат шох буд воломаком,
Надошт заррае кибру гурур дар ниход.

Чу бо хукми такдир он шох рафт аз чахон,
Намонд зи дасти ворисон аз адл нишон,
Бипечид рузгори мардум ба селоби гам,
Мубаддал гашт "Одилобод" ба "Бедодгарон".


Рецензии