Савдои гов. На таджикском языке

       САВДОИ  ГОВ
(Мазмун аз филми тасвирии русии
"Как старик корову продавал")

Рузе омада аз кор, бинам бо ашки катор
Ахли оила гуфтанд, ки шуданд аз гов безор,
Гила карданд, ки "Моён бо захмати бепоён
Ин муфтхурро мепоем, дар сахро гашта сарсон.
Аз рузе, ки харидем, фоидае надидем,
Магар боре бемалол ширу каймок чашидем?
Асаби ин гов вайрон, шираш ба мисли айрон,
Бетокатиаш бошад, хамаро кардаст хайрон.
Бурда бозор ин сахар, бифурушедаш тезтар,
Намехохем бубинем уро дар хавли дигар!"

Гайр аз бурда ба бозор фурухтани гов ночор
Дигар илоче набуд, харчанд ин корест душвор.

Аз сахар ман дар бозор нишаста бо чашми чор,
Менигаштам боумед суи хар як харидор...

Вале гайр аз чанд кассоб, хам чавоне молчаллоб
Касе нархаш напурсид, харчанд, ки набуд хароб.

Хамсояе омада, ахволи мапро дида,
Ресмони гов бигрифту гуфто ба ман хандида:
"Ёфта чое соятар, Шумо дам гиред камтар,
Савдогари осон нест, говфуруши хам хунар!"

Ин бигуфту у дархол кашид ресмон бемалол,
Ба мобайн бурда говро бинмуд чунин шархи хол:
"Хох харед, хох нахаред, як ба ин гов бингаред,
Зоти ин гов таърифи, бинеду лаззат баред!
Чушеду шавед коим, доруконаш мулоим,
Шираш хеле фаровон, хамеша наслаш солим,
Ин гов вакти чушидан, маълум аст ба як дидан,
К-ором асту хамзамон шираш басо серравган.
З-он, ки иштихош карнай, харгиз дар охури вай
Як торе намемонад, не аз шура, не аз най,
Хислатхои ин чонвар накуянду з-ин хубтар
Ман гове надидаам, бихаредаш тезтар!"

Харидорони бисёр шуданд ба гов талабгор,
Нархи говро хар яке менамуд бардор-бардор.
Аз таърифхои бисёр, издихоми харидор
Хурсанд гаштаму он дам бас намудам ифтихор.

"Гови нагз катор-катор, лек хушзоташ камшумор, -
Гуён аз ресмон доштам, - ин гов ба худам даркор!"


Рецензии