Тухфахои Дед Мороз. На таджикском языке

    Тухфахои Дед Мороз


Аз Русия ба Хучанд

Дед Морозе кадбаланд

Омад бо хавопаймо

Бо духтараке зебо.



Снегурочка номаш,

Басо зебо андомаш,

Кокулчахош малларанг,

Хиромиданаш даранг,

Миёни харду абру

Холи сиёхаш хушру,

Рухсорааш чун анор,

Кулохаш пупакчадор,

Дар харду гушворааш,

Ангуштару шонааш -

Чашмакхои пурчило

Аз марвориду тилло.

Кафи пояш булурин,

Накшу нигораш заррин.



Дар дасти Снегурочка

Волшебная палочка.


Ин чо чанд сухан руси

Гуфтем, лек ба точики

Дед Морозро мегуем

Моён Бобои Барфи.

Снегурочка - Барфак,

Палочка бошад - калтак,

Агар палочка сехрнок,

Волшебная хон бебок.



Асои он Дед Мороз

Хамчу арча буд дароз,

Дед харф мезад бас зебо

Бо лафзи дарии мо.

Аз Русия бо умед

Он Бобои муйсафед

Тухфа овард бепоён

Бахри хама фарзандон.


Борхалтааш чун канор,

Бозичахош бешумор:

Мошинхои борбардор,

Китобхои суратдор,

Харчахои гушдароз,

Булбулони хушовоз,

Мургобии завракрон,

Шутури хеле калон.

Ба Рогуну Сангтуда

Агрегатхо як туда,

Бахри якчанд неругох

Бисёр асбобу дастгох.



Он Бобои хушсухан

Бо тартиби муайян

Дар куттихои хушбар

Чой кардааст чанд чонвар,

То дошта бошем хабар

Аз солшумору МУЛЧАР:



МУШу ГОВмешу ПАЛАНГ,

ХАРГУШчахову НАХАНГ,

МОРу АСПхои даванд,

Баррачахо бо ГУСФАНД,

МАЙМУНхои бекарор,

МУРГу хуруси точдор,

САГхои хашмгину зур,

ХУКбачахои пурхур...



Бобою он духтарча

Он руз дар гирди арча

Таксим карда тухфахо,

Хамрохи мо, бачахо,

Раксида бози карданд,

Шеъру сурудхо хонданд.

Сипас аз шахри Хучанд

Ба дехахо низ рафтанд.



           2004


Рецензии
Прочитала ваш стишок
Про волшебный посошок.
Дед Мороз, Снегурка, ёлка.
Новый год мы встретим с толком.

Анжелика Вавилова   13.12.2019 06:04     Заявить о нарушении
Спасибо, Анжелика!
А вот и экспромт:

http://www.stihi.ru/2019/12/13/2132

Абдукаюм Мамаджанов   13.12.2019 08:20   Заявить о нарушении