Киссаи санг. Сказание о камне. На таджикском языке
«Сози ин кухсор ѓайр аз нола оханге надошт
Орамидан ин ќадархо кард сангин сангро.»
Бедил .
Ќ И С С А И С А Н Г.
Ёде кунам аз дехаам
Бигрифта бар даст хомаам ,
Санге ба ёд ояд хаме,
Он шохиди шоду ѓаме…
Дар гўшаи дех санг буд
Санги басо хушранг буд,
Аз чилвахои офтоб
Гирдаш зи нур оханг буд.
Бас розхо бишнудааст
Ин санг хама айёмхо,
Ќалбаш эхсос бинмудааст
Шўри дили Хайёмхо…
Рўзи бахор болои санг,
К-аз нури хуршед гарм буд,
Як навчавон аз сўхбати
Гулдухтаре саргарм буд.
Завќи азиме доштанд
Аз дидани дидорашон,
Базму шукўхе доштанд
Дар гўшаи пиндорашон.
Меболиданд аз ишќи худ,
Шавќу суруру завќи худ.
Гўё хама буду набуд
Дар оѓуши он санг буд…
Хамсояам буд он чавон,
Хамсоядухтар дар бараш,
Афсонаи ишќи нихон
Мегуфт ба гўши дилбараш.
Охангашон санг нарм кард,
Дилхои сардро гарм кард,
Чун шўълаи бахт Мачнуне
Бар ин чахон дилгарм кард.
Бо ваъдаи мехру вафо,
Бо ёди умри босафо
Он сол чавони хушлиќо
Карда хабар хамсояхо
Дар дехаи мо тўй кард,
Хамсоядухтар шўй кард.
Соле гузашт аз он замон,
Омад хазон,омад хазон,
Аз ишќи он ду навчавон
Худ бехабар аз ин чахон
Як кўдаке олам дид,
Аз рўзи аввал ѓам дид.
Аз кудакї он бадбахт,
Он мубталои рўзи сахт,
Рўи падар-ш боре надид,
Чуз модар ѓамхоре надид,
Дар назди худ ёре надид,
Ёру мададгоре надид.
У дар талоши рўзгор
Бо модари афтодахол,
Гох хаставу гах зери бор,
Мекард зам соле ба сол.
Боре падар ёдаш накард,
Дар рўзи ѓам шодаш накард,
Аз кишвари бегонагон
Як нома ирсолаш накард.
Аз кудакї бахраш хаёт
Бас тираву якранг буд,
Ширинии ќанду набот
Талху мисоли занг буд,
Дилхушии хамсоягон
Гар наздики он санг буд,
Дил кудаки бечораро
Худ порае аз санг буд,
Байни ваю он санги дех
Гўё хазор фарсанг буд…
Рўзе ба модар гуфт писар,
Бар зонуяш бинхода сар:
-Ту модари чони мани,
Хамдарду ормони мани.
Танхо будї солхои сол,
Ќуте нахўрдї бемалол.
Бахри ман,эй дурру гухар,
Хам модар будї хам падар.
Хар тирамох аз рохи дур
Хамдехагон шоду масрур
Меомаданд бар дехи худ,
Назди фарзанду мехи худ…
Он рўзхо шаб то сахар
Болини худ бинмуда тар,
Ту менигаштї сўи дар
Шояд,ки меояд падар…
Акнун,ки ман шудам калон,
Имсол бо хамсоягон
Бар чустучўяш меравам,
Шояд ба кўяш мерасам.
Бо сад умед ин гулписар
Он сол намуд азми сафар.
Чои падар кофт дар шимол,
Хам дар Сибири пуршамол,
Дар Уралу дар Шарќи Дур,
Дар Кавказу дар Барнаул...
Охир зи Перм омад хабар
Он чо хамезистаст падар.
Хурсандиаш буд беканор,
Гум карда буд сабру ќарор.
То дидани рўи падар
Хобе намерафт ў дигар.
Дарду ѓамаш хам кам бишуд,
Санги дилаш хам нарм бишуд.
Дунё ба ў рангин намуд,
Гўё хаёт сангин набуд,
Гўё ѓами якумрааш
Дур шуд,кушод гашт чехрааш…
Дар шахри Перм ин навчавон
Бо ёрии хамдехагон
Бо тезї ёфт чои падар
Дар аввалин рўзи сафар…
Истода як дам назди дар,
Бомехр гирифт номи падар.
Духтарчае дарро кушод,
Духтарчаи чехракушод,
Чашмаш кабуду малламўй,
Лабхандааш бас хушрўй.
«Папа,тебя!»-гуён бирафт
Аз писарак дармон бирафт…
Аз рафтани он духтарак
Хеле гузашту хеч касе
Бар ў надод аз худ дарак,
Дилтанг бишуд «мехмон» басе.
У бо умед бори дигар
Таќ-таќ намуд пахлўи дар.
Ин дафъа марде ќадбаланд
Бо як нигохи худписанд,
Ѓур-ѓуркунон дарро кушод,
Лек бар салом посух надод.
«Каво тебе?»-гуфта ба ќахр,
Гўё ба ў пошида захр,
«Хеч ваќт надоштам ман писар»,-
Гўён биронд аз назди дар…
Бишнуда алфози даѓал,
Бедор бишуд ў аз маѓал,
Хам хории худ дарк намуд,
Он даргохро зуд тарк намуд.
Тарбузаш афтод аз баѓал,
Бигрехт писар аз он махал…
Дилсардии вай аз чахон
Дигар надошт хадду карон.
Ќалби варо садхо савол
Бештар хамедоданд малол.
Кош рахмдиле бахри савоб
Дида холи он дилкабоб,
Медод ба у шофї чавоб
Бинмуда орї аз азоб !
Чун аз касе надид имдод,
У санги дех овард ба ёд-
Ќалбаш бароварда диранг
Он дам зи сардихои санг,
Уро намуд хеле гаранг,
Дунё барояш карда танг…
То кай фаќат он санги дех
Аз калбхо бикшояд гирех?
То кай фаќат дар назди санг
Ором гиранд дилхои танг?
То кай фаќат санги Ватан
Аз номусу нанги Ватан
Гардида воќиф бо алам,
Бо шиквахои пур зи ѓам
Нолад ба холи зори мо
Бо охи ѓамнок бесадо?
Чанд мох пас омад хабар:
Дар кишвари дур аз назар
Гашта ба шахрхо дар ба дар
Ёфтаст писар чои падар.
Аммо падар маѓрур ба хеш
Ќалби варо бинмуда реш,
Фарзанди хеш нашнохтааст,
Уро ба кахр дур сохтааст…
Модар,ки чашмаш чор буд,
Бар пайѓоми неке зор буд,
Аз мочаро огох шуд,
Боз хам насибаш «Ох!»шуд.
Дунё барояш танг шуд,
Рўяш пур аз ожанг шуд,
У хеле ба танг омад,
Худ болои санг омад,
Бехолу гаранг омад,
Аз номусу нанг омад.
Он хусну чамолаш ку?
Ќомати ѓизолаш ку?
Он ќадду камолаш ку?
Сўзанда ба холаш ку?
Ку ваъдаи он ѓаддор,
Он рубахаки маккор?
Ку бачаи бемораш?
Ку хамдаму ѓамхораш?
Охе кашид дар рўи санг,
Як дилхарош оханг шуд
З-оханги сардаш он замон
Гўё замона танг шуд.
Аз сардии охи чукур
Ќалбаш мисоли санг шуд.
«Хайхот!»-гуфту мадхуш шуд,
Афтод зи санг хомўш шуд…
Бо нолахои хору зор,
Бо дидахои интизор,
Бо ашки сўзони ќатор
То бинад рўзе рўи ёр,
Умри чавоне сарф шуд,
Хамсоядухтар хайф шуд…
То кай дар мулки точикон
Дихад садо доду фиѓон
Аз нолахои модарон,
Бадбахтии умри чавон,
Сарсонихои наврасон,
Чашми хазини кўдакон?
Эй халќи ман,кай ворахї
Аз «бахти точиконаат»?
Кай ёбї аз худ огахї,
Карда ту обод хонаат?
Кай гардї ту сохиби бахт?
Кай ворахи аз рўзи сахт?
Кай мешавї аз ѓам чудо.
Дида ту рахме аз Худо?
Бар точики бечораам,
Дар ин чахон овораам,
Бехонаю белонаам,
Дар мулки худ бегонаам,
К-аз дасти ин давру замон
Дар кишвари бегонагон
Хору хаќиру нотавон,
Ќадраш камтар аз хазон,
Сарсону саргардон шудаст,
Махрум зи фарзандон шудаст,
Ин ќиссаи сангини худ,
Ин наќли бас вазнини худ
Мебахшаму дасти дуо
Бо сад умед во мекунам,
Аз Холиќи Арзу Само
Бехад даъво мекунам-
То точики сарсахт низ
Рўзе бубинад бахт низ,
То халќи гашта дар ба дар
Аз нав нихад точаш ба сар !
Гардид дуоям мустачоб,
Ки Сарварам бахри савоб
Ба Русия бинмуд сафар,
То гирад аз халќаш хабар.
Эй кишвари озоди ман,
Эй мулки побарчои ман,
Эй манбаи илхоми ман,
Эй точики шодкоми ман,
Гўем хама шукри Худо,
Ки дорем чунин як пешво!
Хўрда ѓами халќи азиз,
Ин марди боаќлу тамиз,
Сулхи кишварро пуштибон,
Ѓамхори кулли точикон
Донист,ки халќаш дар азоб
Бинмуд боз як коре савоб:
Харчанд кораш бехад зиёд,
У Марди Кор бинмуда ёд,
Рафта бо ў вохурї кард,
Мард буду боз хам мардї кард.
Гўем ба ту «Сад офарин!»
Эй зодаи Хатлонзамин,
Марди халолкору матин,-
«Сад офарин,сад офарин!»
2004
_________________
PS: Ин кисса давоми солхои 2004 - 2010 якчанд маротиба дар ВАУ, аз чумла дар рузномаю хафтаномахои "Вароруд", "Саломат бошед!', "Озодагон" ва гайра чоп гардида буд.
Свидетельство о публикации №119112702606