Ба Мухаммадчон Ахмадалиев. На таджикском языке

БА ХАМСИНФАМ
АХМАДАЛИЕВ МУХАММАДЧОН

Насиб диданд ба ту  ин номи зебо,
Ки он доим бувад  маhбуби дилhо.
Чу орем бар забон hар лаhза онро,
Паёмбарро ба ёд орем hамоно.
Xамеборад нур зи hар hарфи номат,
Гирем онро агар мо бо муhаббат.
Зи Гулшан то худи Бобои Дархон
Намуда замм  ба ин ном се hарф чун «jон»,
Xамегўянд jумла ёрону дўстон:
-Сазовор аст ба номаш Муhаммадjон!

                06.03.2017


Рецензии