Мехри Ватан аз назари мухочирон

   МЕХРИ ВАТАН АЗ НАЗАРИ МУХОЧИРОН

Солhо бигзаштанду, вале огаh наї аз hоли ман,

Зам мекунад hиjрон ѓаме бар рўзу моhу соли ман.

Э, кош, бигрифта ќуввате, аз лутфу аз эhсони ту

Боз дар фазоят як даме гардад шиновар боли ман.



Чун кўдаки бемодаре дар рўзи пирї аз ту дур

Ман гар равам сўи даре, ќалбам фишорад дарди зўр.

Дарди маро дармон куjост, ман донаму ишќи куhан-

Ишќе, ки меhрат, эй Ватан, зулмоти ѓам сўзад ба нур.



Нуре, ки дар ин дуриhо орад гаhе пайѓоми нек,

Бахшад ба ин ранjуриhо як лаhзае фарjоми нек.

Нуре, ки дар торикиhо чун фонусе дар умри мо

Равшан намояд роhи мо, то ки гузорем гоми нек.



Моро забони гуфтугў гарчи тоjикию дарист,

Фарзанд  рўзе  бе  пурсуjў  тарсам, гўяд: «На модарист!»

Тарсам, ки бо лафзи дигар ояд садои ќалби ў,

Бар пешона муште зада, он ваќт чї jои доварист?



Афтодаем имрўз ба дур з-оѓўши гармат, эй Ватан,

Аз сардии чоhи чуќур дар ларзиш аст моро бадан,

Лек ларзише пурдаhшатанд дилсардиhои ноаён,

Дилсардиhои бебаён, дилсардї аз хоки Ватан!



Не, мо ватангумкарда не, дар мулки худ шарманда не!

Гарчї дар лабмон ханда не, бар нокасе мо банда не!

Мо мардикорем, Марди Кор – дар кишвари бегонае,

Дар мулки хеш бе jои кор имрўз ба мо оянда не!



Бешак Ватан бар мо азиз, hар зарраи хокаш азиз,

Дар гарму дар сармо азиз, hиjрони дарднокаш азиз!

Ин аст, ки як каф мебарем з-он хоки пок hар jо равем,

Гарчанд Ватан дур аст зи мо, он покии номаш азиз!

                13.10.2016
 


Рецензии
МЕҲРИ ВАТАН АЗ НИГОҲИ МУСОФИРОН.

Солҳо бигзаштанду, вале огаҳ наӣ аз ҳоли ман,

Зам мекунад ҳиҷрон ғаме бар рӯзу моҳу соли ман.

Э кош бигрифта қуввате аз лутфу аз эҳсони ту,

Боз дар фазоят як даме гардад шиновар боли ман!

Чун кӯдаки бемодаре дар рӯзи пирӣ аз ту дур

Ман гар равам сӯи даре, қалбам фишорад дарди зӯр.

Дарди маро дармон куҷост, ман донаму ишқи куҳан -

Ишқе, ки бо меҳри Ватан зулмоти гӯр сӯзад ба нур.

Нуре, ки дар ин дуриҳо орад гаҳе пайғоми нек,

Бахшад дар ин ранҷуриҳо як дам ба мо фарҷоми нек,

Нуре, ки дар торикиҳо чун фонусе дар умри мо

Равшан намояд роҳи мо, то ки гузорем гоми нек,

Моро забони гуфтугӯ гарчи тоҷикию дарист,

Тарсам, рӯзе бе пурсуҷӯ фарзанд гӯяд: "На модарист!"

Тарсам, ки бо лафзи дигар ояд садои қалби ӯ,

Бар пешона муште зада, он вақт чӣ ҷои доварист?

Афтодаем имрӯз ба дур з-оғӯши гармат, эй Ватан,

Аз сардии чоҳи чуқур дар ларзиш аст моро бадан,

Лек ларзише пурдаҳшатанд дилсардиҳои ноаён -

Дилсардиҳои бебаён, дилсардӣ аз хоки Ватан!

Не, мо ватангумкарда не, дар мулки худ шарманда не,

Гарчӣ дар лабмон ханда не, бар нокасон мо банда не.

Мо мардикорем - Марди Кор дар кишвари бегонае,

Дар мулки хеш бе ҷои кор имрӯз ба мо оянда не...

Бешак Ватан бар мо азиз, ҳар зарраи хокаш азиз,

Дар гарму дар сармо азиз, ҳиҷрони дарднокаш азиз!

Ин аст, ки як каф мебарем з-он хоки пок ҳар ҷо равем,

Гарчанд Ватан дур аст зи мо, он покии номаш азиз!

Абдукаюм Мамаджанов   20.05.2025 16:24     Заявить о нарушении