Дами ганимат. На таджикском языке

         ДАМИ ГАНИМАТ

Он дам, ки бо ту будам, эй hури олиhиммат,
Ба дил ман љо намудам чун бењтарин ѓанимат.

Бо завќ гулhо  бичидам аз боѓи ишќ ба рohат,
Лек hеj гуле надидам мисли ту пурназокат.

Чун накhати анбарин мерасад бар машомам,
З-он лаhзаи беhтарин равшан мешавад шомам.

Xар лаhзаи гуворо, к-аз ишќи ту чашидам,
Дар риштаи хаёлам чун гавhаре кашидам.

Имрўз hар он гавhар – манбаи илhоми ман,
Болаззату рўhпарвар ќатраест дар jоми ман.

Ин замон баhори мо ба тирамоh шуд наздик,
Умри бобарори мо меhрамон намуд тасдиќ.

Дар сардии зимистон умед hаст аз ин баhор,
Ки бо ёди гулистон медиhад сабру ќарор.

Аз гузашти jавонї hаргиз ман нанолидам,
Бо лутфу меhрубонї ишќи ту баркашидам.


                02.04.2016


Рецензии