Мукаддас дон забонро. На таджикском
Биё, эй hамватан, ќадри забон дон,
Муќаддас бошад он баhри hар инсон –
Муќаддас hамчу рамзи мулки обод
Ва чун ин Давлату ин Халќи озод,
Муќаддас чун Парчами серангдораш
Ва hамчун Сарвари бонангу ораш…
Чаро вактhои охир нутќи моён
Бишуд олудаи чанд лафзи вайрон?
Чаро таќлидкунон бар бесаводе,
Ки аз илми калом бе hеj маводе
Сухан гўяд бо фахру карру фар, лек
Надонад, ки чї фарќ дорад бад аз нек,
Намояд лафзи тоjикї халалдор,
Ки баъзан мешавад боиси озор…
Бархе гўянд бародарро «акоча»,
Бузургиаш халал дорад? Чаро «ча»?
«Ака», ё ки «ако» аз туркї омад,
Ба таркиби забони мо даромад,
Ки ин номи бародари калон аст,
«Уко» бошад, хоси додаракон аст.
«Ча» ин нишони ночизиву хурд аст,
Бародари калон бошад, бузург аст.
Куjост мантиќу чаро ду зидмаъно
Шуданд дохили ин як лафзи беjо?
Магар ин «ча» нишони хушзабонист?
Ва ё jузъе зи лутфу меhрубонист?
Аз олиме* бипурсидам дар ин боб,
Бигуфто: «Гар хабар дорї зи одоб,
Макун таhќир бузургеро бо ин «ча»,
Азизаш дон, ки ў набвад бозича.
Писандї гар ту алфози накўро,
Мадон ночизашу «jон» ном бар ўро.
Аз ин «ча» - ю, «ак» - у «як» - hои ноjо
Бикоhад нутќ, малол ояд ба дилhо.
Магў «мардак» ту хеч марди бутунро,
Маларзон бо ин лафз маhкам сутунро!
Занеро, ки мусулмону hалол аст,
«Занак» магў, ки бар мўъминон малол аст.
Xунар бошад сухан дониста гуфтан,
Ва дурри hар маъниро бо илм суфтан».
…Забон бошад ба hар як халќ муќаддас,
Биё, эй hамзабон, бар ќадри он рас!
Ту чун шаhрванд муќаддас дон забонат,
Ки то бегона низ ќадраш бидонад…
Чаhон бишносад имрўз давлати мо
Туфайли hам Нишон, hам Парчами мо
Туфайли Сарвари як мулки обод,
Туфайли мардуми хушбахту озод,
Ки лафзаш ширин асту дилписанд аст
Ва тоjик з-ин hама бас сарбаланд аст.
_______________
*Олим - Доктори фанхои филология, профессор Камолиддинов Бахриддин.
Худо хохад, дар бораи ин сухбат ва чанд сухбатхои дигари бо Бахриддин Ако Камолиддинов доштаамон муфассал маколае навиштанро ният дорам. Хар як сухбати ин инсони бузург ва донандаи беназири забони адабии точик барои хар як точикзабон худ дарси бузургест.
05 июни соли 2019
Свидетельство о публикации №119070603097
Биё, эй ҳамватан, қадри забон дон,
Муқаддас бошад он баҳри ҳар инсон -
Муқаддас ҳамчу рамзи мулки обод
Ва чун ин Давлату ин Халқи озод,
Муқаддас чун парчами серангдораш
Ва ҳамчун Сарвари бонангу оташ...
Чаро вақтҳои охир нутқи моён
Бишуд олудаи чанд лафзи вайрон?
Чаро тақлидкунон бар бесаводе,
Ки аз илми калом бе ҳеҷ маводе
Сухан гӯяд бо фахру карру фар, лек
Надонад, ки чӣ фарқ дорад бад аз нек,
Намояд лафзи тоҷикӣ халалдор,
Ки баъзан мешавад боиси озор?..
Бархе гӯянд бародарро "акоча",
Бузургиаш халал дорад? Чаро "ча"?
"Ака", ё ки "ако" аз туркӣ омад,
Ба таркиби забони мо даромад,
Ки ин номи бародари калон аст,
"Уко" бошад, хоси додаракон аст,
"Ча" - ин нишони ночизиву хурд аст,
Бародари калон бошад, бузург аст.
Куҷост мантиқу чаро ду зидмаъно
Шуданд дохили ин як лафзи беҷо?
Магар ин "ча" нишони хушзабонист?
Ва ё ҷузъе зи лутфу меҳрубонист?
Аз олиме* бипурсидам дар ин боб,
Бигуфто: "Гар хабар дорӣ зи одоб,
Макун таҳқир бузургеро бо ин "ча",
Азизаш дон, ки ӯ набвад бозича.
Писандӣ гар ту алфози накӯро,
Мадон ночизашу "ҷон" ном бар ӯро.
Аз ин "ча" - ю, "ак" - у "як" - ҳои ноҷо
Бикоҳад нутқ, малол ояд ба дилҳо...
Абдукаюм Мамаджанов 15.11.2025 13:42 Заявить о нарушении