Рашки гул

         РАШКИ ГУЛ

 
Чу ман онеро, ки бори аввал дида, ту гул гуфтам, ранjидї
Шуда hайрон аз ин ранjиш, сабаб аз ту бипурсидам. Ту хандадї.

Чу ин ранjида хандидан бидид он гул, парид рангаш, бишуд ѓамгин.
Ту хашм пиндошта он ѓамро, варо додї басе дашному jангидї.

Задам дастам ба пешона, магар ман гашта девона, хато кардам?
Чаро чашми дили худро намуда во, ту гуфторам насанjидї?

Магар гулбоѓи оламро намуда тарк, ту дар як дам ба танhої,
Хиромида чу товусе, зи hусну бўи дилкашат болида нозидан писандидї?

Ва гар гулшан бувад холї зи гулhои тару тоза, чї сон он дам
Шукўhатро баhо додан шавад имкон? Магар ин hол нафаhмидї?
               
                2013


Рецензии