Чустучу. На таджикском языке

        ЧУСТУЧУ


Куjост он гул, ки худ бехор бошад,
Ба дарди ошиќонаш  ёр  бошад,
Расад боре ба ќадри сўзи ошиќ,
Ба ў як лаhзае ѓамхор бошад?

Куjост он дил , ки ќадри гул бидонад,
Агар хораш халад, hаргиз нанолад,
Гирифта рўи даст маъшуќаашро
Бибўяд накhаташ, бар дида молад?

Куjост он даст, ки аз hар зарбаи хор
Бигирад лаззату нодида озор,
Чаконда хуни дил, бошад ѓамхор,
Ки то ёраш накунад ёди бозор?

                2005 
 


Рецензии