Ба мухочири дехоти

БА МУХОЧИРИ ДЕХОТИ

То кай зи jабри даhр
Нолида сухан гўї?
Рустоию лек дар шаhр
Шармида Ватан jўї?
Аз болу парат маhрум,
Дар деhи худат раhгум
Бо нолишу шармидан
Бинмуда ту каj  гардан,
То кай ин сари хамро,
Чашмони пур аз ѓамро
Шармсору ѓарибона
Дар гўшаи вайрона
Пинhон кунї дар хона
Аз дўсту зи бегона?
Аз хислати нарми ту
Намнок шуда чашми ту,
То кай зи хашми ту
Сард аст рўи гарми ту?
То кай бо лаби хандон
Дар дурї зи фарзандон,
Xарчанд ки ночорї,
Дар мулки худат хорї,
Бо лофи ватандорї
Гўї, ки Ватан дорї?


                2014 с.


Рецензии