Сайр ба дунёи орзу. На таджикском языке

     САЙР БА ДУНЁИ ОРЗУ


Ту маро аз хомўшиhои шаб,
ки торикиаш ба чашмонамон ноаён буд,
аз лаби шаршара,
ки оhанги дилнавозаш ба дилhоямон завќу сурур мебахшиду навозишамон мекард,
ба дунёи орзу,
ки   тамошояш
на ба hар кас муяссар асту
фазояш парвози моро интизорї мекашид
ва болу парзаданhоямон он фазоро
рангин намуда,
дар сафhаhои ќалбhои пуршўрамон
наќши нотакроре гузошта буд,
кашидї
ва ман то hол
роhи бурун омадан аз он дунёро наёфтаам, кўшише баhри ёфтанаш нанамудаам ва хоhиши ёфтанашро низ надорам…

                2014 с.


Рецензии