Тугёни ишк. На таджикском языке

                Туѓёни ишќ

   Ваќти сўhбат ёри ман абрувон бар хам кашид,
   Чеhрааш маhзун бигардид, оhи пайдарhам кашид.

   Абрувони чингашта садhо суоланд беjавоб,
   Чини абрў аз чї омад, ё ки ёрам ѓам кашид?

   Баркашидам маънии hар як сухан, к-омад зи ман,
   Лек надонистам, ки аз чї чашми ёрам нам кашид.

   Ќатраи ашк гарчи як дам рўи мижгон дам гирифт,
   Чун тавонам гуфт, к-ин дил як ќатра ѓамро кам кашид?

   Чун зи мижгон ќатра ѓелиду зи шўраш даргирифт
   Он лаби бедору дарhол  мисли абрў хам кашид,

   Розhоеро, ки буданд дар ќаъри дил он дам ниhон,
   Ларзиши лаб аз даруни сина дар як дам кашид.

   Бо забонам зуд намудам оташи лабро хамўш,
   Лаб чу дид hамтои худро нолаи беѓам кашид.

   Чун ба ваjд омад ёрам, бо чашми дил бингашт ба ман
   Ќатраhои шўъларез бо дида аз jонам кашид.

   Чинhои гесўвонаш мавj  мезаданд дар зери даст,
   Андар он мавj дасти ман hар тори бахт маhкам кашид.

   Бўсаhои пур зи хоhиш болида карданд хотирам ,
   Хотири болидаам бар захми дил  марhам кашид,

   Оhhои пурнавозиш рангин намуданд оламе,
   Ваh чї хуш он лаhзае, ки парда аз олам кашид!


                2014 с.
   


Рецензии
Туғёни ишқ

Вақти сӯҳбат ёри ман абрувон бар ҳам кашид,
Чеҳрааш маҳзун бигардид, оҳи пайдарҳам кашид.

Абрувони чингашта садҳо суоланд беҷавоб,
Чини абрӯ аз чӣ омад? Ё ки ёрам ғам кашид?

Баркашидам маънии ҳар як сухан, к-омад зи ман,
Лек надонистам, ки аз чӣ чашми ёрам нам кашид.

Қатраи ашк гарчи як дам рӯи мижгон дам гирифт,
Чун тавонам гуфт, к-ин дил як қатра ғамро кам кашид?

Чун зи мижгон қатра ғелиду зи шӯраш даргирифт
Он лаби бедору дарҳол мисли абрӯ хам кашид,

Розҳоеро, ки буданд дар қаъри дил он дам ниҳон,
Ларзиши лаб аз даруни сина дар як дам кашид.

Бо забонам зуд намудам оташи лабро хамӯш,
Лаб чу дид ҳамтои худро, нолаи беғам кашид.

Чун ба ваҷд омад ёрам, бо чашми дил бингашт ба ман,
Қатраҳои шӯъларез бо дида аз ҷонам кашид.

Торҳои гесувонаш мавҷ мезаданд дар зери даст,
Андар он мавҷ дасти ман ҳар тори бахт маҳкам кашид.

Бӯсаҳои пур зи хоҳиш болида карданд хотирам,
Хотири болидаам бар захми дил марҳам кашид.

Оҳҳои пурнавозиш рангин намуданд оламе,
Ваҳ, чӣ хуш он лаҳзае, ки парда аз олам кашид!

Абдукаюм Мамаджанов   01.05.2025 05:50     Заявить о нарушении