Ручуъ ба Хофиз. На таджикском языке

      

          РУЧУЪ БА ХОФИЗ

«Нисбати рўят агар бо Моhу Парвин кардаанд,
Сурати нодида ташбеhи ба тахмин кардаанд».

Чунки ту не моh бошиву на дар Парвин ахтарї,
Бо чароѓи меhри худ аз Хуршед hам равшантарї.

Заррае аз меhри оламгири ту надоранд ахтарон,
Равшанї бахшанд агарчанд бар осмони бекарон.

Равшании меhри ту балки ба дилhо ќувват аст
Дидани рўят барои ошиќонат давлат аст.

Кай тавонад ахтаре аз меhри ту ёбад хабар,
Гар зи hусни оразат шармандаанд Шамсу Ќамар?

Xар як аз рухсораат дар боѓи hуснат гулфишон,
Кас намеёбад монандаш hеj гуле дар гулситон.

Ман набитвонам бигўям рўи ту мисли гул аст,
Зулфи печонат ба хушрўї мисоли сунбул аст.

Шарм бошад hусни рўят, к-аз гармии дил равшан аст
Не гул асту сунбул асту дар чаман ёсуман аст.



                22.01.2014 с. 


Рецензии