Ибрат. Стихи на таджикском языке

   

                ИБРАТ



        Таърихи деhе нигоштан hиммат аст,
        Он hаводис чунки бар халќ ќиммат аст,
        Чунки асрори куhан худ hикмат аст,
        Гар кушої з-он якеро – хидмат аст.

        То намоям баhри халќам хидмате,
        Ин китоб омад hамчун ибрате.
        Ибрат аз аjру атои Oн Азиз,
        К-Ў бидод моро каме аќлу тамиз, 

        Ибрате, к-аз сабаќhои куhан
        Мефизояд меhри hар соhибватан,
        Ибрате аз ибтидо то интиhо,
        Аз бинои боѓу роѓи хушлиќо,
        Ибрати hар кас, ки баhри меhанаш
        Бе суоле кард фидо jону танаш,
        Ибрате аз hиммату аз ибтикор,
        Ибрат аз мардонагии марди кор,
        Ибрат аз онон, ки дар  мулки дигар
        Мечаканд hар лањзае хуни jигар,

        Ибрат аз jабри замони даргузар,
        Ки намуд jангро ба мардум дарди сар,
        Ибрат аз сулhу салоhи тоjикон
        Бар тамоми мардуми рўи jаhон,
        Ибрате аз аллаhои модарон
        Чун дуое, баhра бигрифта аз он,
        Ибрат аз устоду аз дарсhои вай,
        Ибрат аз меhру насиhатhои вай,
        Ибрат аз некону кору борашон,
        Шоирони деhу аз ашъорашон,
        Ибрат аз таърихи бои деhи худ,
        Ибрат аз аjдоди некандеши худ…

        Бешак ин ибратhо хеле нодиранд,
        Кош, ки мардум дар hаёт панде гиранд,
        То зи Хиштхона – зи деhи кўчаке,
        Ном бардорад Ватанро кўдаке,
        То ки бинмояд маънии осор-ш беh,
        Чун нависад олиме таърихи деh.

                01-02.2016               
 


Рецензии
Таърихи деҳе нигоштан ҳиммат аст
Он ҳаводис чунки бар халқ қиммат аст,
Чунки асрори куҳан худ ҳикмат аст,
Гар кушоӣ з-он якеро - хидмат аст.

То намоям баҳри халқам хидмате,
Ин китоб омад ҳамчун ибрате,
Ибрат аз аҷру атои Он Азиз,
К-Ӯ бидод моро каме ақлу тамиз,

Ибрате, к-аз сабақҳои куҳан
Мефизояд меҳри ҳар соҳибватан,
Ибрате аз ибтидо то интиҳо,
Аз бинои боғу роғи хушлиқо,
Ибрати ҳар кас, ки баҳри Меҳанаш
Бе суоле кард фидо ҷону танаш,
Ибрате аз ҳиммату аз ибтикор,
Ибрат аз мардонагии марди кор,
Ибрат аз онон, ки дар мулки дигар
Мечаканд ҳар лаҳзае хуни ҷигар,

Ибрат аз ҷабри замони даргузар,
Ки намуд ҷангро ба мардум дарди сар,
Ибрат аз сулҳу салоҳи тоҷикон
Бар тамоми мардуми рӯи ҷаҳон,
Ибрате аз аллаҳои модарон,
Чун дуое баҳра бигрифта аз он,
Ибрат аз устоду аз дарсҳои вай,
Ибрат аз меҳру насиҳатҳои вай,
Ибрат аз некону кору борашон,
Шоирони деҳу аз ашъорашон,
Ибрат аз таърихи бои деҳи худ,
Ибрат аз аҷдоди некандеши худ...

Бешак ин ибратҳо хеле нодиранд,
Кош, ки мардум дар ҳаёт панде гиранд,
То зи Хиштхона - зи деҳи кӯчаке
Ном бардорад Ватанро кӯдаке,
То ки бинмояд маънии осор-ш беҳ
Чун нависад олиме таърихи деҳ.
01.02.2016 сол

Абдукаюм Мамаджанов   03.03.2026 18:34     Заявить о нарушении