Забон мукаддасоти миллат аст

         ЗАБОН МУКАДДАСОТИ МИЛЛАТ АСТ

    Яке аз нишонахои асосии миллат будани забон аксиомаест, ки хар як фарди бофарханг аз он бохабар аст. Махз аз хамин сабаб ба забони точики хамчун ба яке аз мукаддасоти миллатамон эхтиромона муносибат намудану онро аз хар гуна олоишхои бегона эхтиёт ва хифз намудан вазифаи на танхо олимону мутахассисони сохаи забоншиноси, балки вазифаи тамоми мардуми точик аст. Ин амал бояд на танхо хангоми муомилоти расми, балки хамаруза дар хама холатхои хаётии истифодаи забон риоя гардад.
    Мутаассифона, дар натичаи эълон намудан ва гузаронидани "Соли забони точики" ва ё кабул намудани Конуни нави забони давлати баъзе пешравихо дар ин соха муяссар гашта бошанд хам, онхо назаррас ва умумимилли нестанд. Пеш аз хама истифодаи васеи шевахо на танхо дар оила ва махалхо, балки дар муассисаю корхонахо ва ташкилотхои чамъиятиву давлати ва хатто дар таълимгоххою воситахои ахбори умум ташвишовар аст. Дигар холате, ки бояд мавзуи омузиши мутахассисони забоншинос карор гирад, ин истифодаи аз хад зиёди архаизмхо (калимахои кухнашуда) мебошанд, ки ин холат аксар вакт боиси бехад мураккабу душворфахм гардидани гуфтори нотик ва ё матни асараш мегардад.
    Бигзор хонандаи зирак манзарахои беш аз хазор сол пеш бо забони ноби точики тасвирнамудаи Устод Рудакиро, аз кабили:

                "Бихандад лола бар саhро
                Ба сони чеhраи Лайло,
                Бигиряд абр бар гардун
                Ба сони дидаи Маjнун" ,

ки дар ин сатрхо хар як калима на танхо фахмо, балки инзамонаю дар байни мардум то имруз истифодашавандааст, бо суханпардозихои бархе аз нотикони имруза, ки пас аз талаффузи тутиёнаи якчанд иборахои душворфахм (ё бемазмун) "...аммо баъд..." гуён сафсатае мехонад,мукоиса намуда, худ хулоса барорад...
    Рузе аз суханпардозихои яке аз чунин нотикони маълумоти олии филологидоштае хеле дилгир шуда, бо у бахсу мунозираи зиёдро раво надидам ва давоми бахсро дар ин мавзуъ то рузи оянда мавкуф гузоштем. Рузи дигар ба он мутахассиси собикадор ва амалкунандаи сохаи забон ва адабиёти точик шеъреро, ки барои исботи фикрам дар бораи зарурияти адаби, лекин оммафахм ифода намудани максад пас аз бахси дирузаамон навишта будаму мехостам, ки аз он хамчун далели исботи фикрам истифода барам, пешниход намудам ва хохиш кардам, ки онро шарх дихад:


                ЭЪТИБОР

     Гo'ямат боэътимод, эй гo'шашин, аз эътикоф
     Кас наёбад эътибору соф нагардад з-эътисоф,
     Чун намуда эътиqод, гардi qaрин бо эътисом,
     Дар ибодат эътидолу дар рафоqат эътилоф,
     Ваqти шафqат эътиноq, дар эътилол боэътино
     Эътило гардад маqомат, кору борат эътироф.
     Лек агар бо эътироз нашносi hаqqи нафси хеш,
     Канда аз эъто умедат, мунтазир шав эътизоф!
     Эътибори jумла инсон аз амалhои вай аст,
     Эhтиромаш назди халq аз кo'шиши пай дар пай аст,
     Гар набошад чобукии дасту меhри одамi,
     Кай садое медиhад чo'б, гарчи рубобу най аст?


    "Мутахассис" барои фахмидани мазмуни ин шеър мачбур шуд чандин маротиба ба "Фарханги забони точики" мурочиат намояд.
    Максад аз ин навиштачот даъвати хар як хамзабононамон ба он аст, ки аз мероси басо гании ачдодонамон, аз он чумла аз забони равону бой ва шахду шакаринамон хамчун ворисони кадрдон истифода намуда, номбардори фахрманди миллати чунин як фарханги бузург ва дорандаи чунин як забони зебо буданамонро фаромуш накунем.


Эзохот: 1.Эътимод - бовар кардан ба чизе, бовар, такя;
        2.Эътикоф - ибодати доими,гушанишини барои ибодат, чилланишини?
        3.Эътибор - бовар, кадру мартаба, обру, ахамият, ибрат, намуна;
        4.Эътисоф - ситам кардан, зулм намудан, аз рохи рост берун шудан;
        5.Эътикод - бовар, акида доштан, якин доштан;
        6.Эътисом - аз гунох нигох доштан (худро), аз гунох пархез кардан, чанг задан ба чизе, даст андохтан ба чизе; мачозан: панох бурдан, химоятм касеро талаб кардан, панохбари;
        7.Эътидол - дарачаи миёна (на гарм ва на хунук, на тар ва на хушк, на тафрит ва на ифрот), муътадили;
        8.Эътилоф - иттиход, ягонаги, мувофикат, унсгири, улфат ёфтан, дусти;
        9.Эътинок - дар огуши якдигар будан, бо хамдигар даст ба гардан будан, багалгири, гардан ба гардан будан;
        10.Эътилол - бемор шудан, иллат пайдо кардан;
        11.Эътино - гамхори, эхтимом, ахамият, таваччух, диккат;
        12.Эътило - баланд шудан, баланди, улув;
        13.Эътироф - икрор шудан, ба гардан гирифтан, рози шудан ва кабул кардан; мукобили ИНКОР;
        14.Эътироз - эродгири, нуктагири, айбчуи, норозиги, мукобилат, мухолифат;
        15.Эъто - ато кардан, бахшиш;
        16.Эътизоф - руй гардонидан, нафрат пайдо кардан;
      


                2009


Рецензии