Нафас дар сина меларзад

Чонам дар оташи ишкат, сухт ёрам намедони,
Вафои ту хазон гашту ту бахорам намедони?

Гузашт умрам ба умеде, ки рузе боз меои,
Дарего, интизориву шаби торам намедони.

Хама олам пур аз овозаи ишки ману ту шуд,
Ту танхо холати ин чони афгорам намедони.

Нафас дар сина меларзад зи сузи ин хама хасрат,
Фигони чашми гирёну дили зорам намедони.

Агарчи хастаам, ёд аз чамоли ту нагардад дур,
Вале ту кимати ин ишши саршорам намедони.

Биё, як дам канорам шав, ки дунё бе ту зиндон аст,
Дарего, киссаи ин калби беморам намедони.

Чу шамъе дар шаби хичрон бехобам дар фироки ту,
Ту с;зи синаи махзуну афгорам намедони.

Ёр аз дарди чудоият шабу рузам киёмат шуд,
Ба чуз ашки чигархунам дигар ёрам намедони.


Рецензии