Магар ёрам, ту меои,?

Дар ин шабхои танхои, магар ёрам, ту меои,?
Сафову нуру рушнои, магар ёрам, ту меои?
Бимирам дар вафои ту, дили ошик адои ту,
Бигуям шукри худои, магар ёрам, ту меои?
Бахори ишкат  рангине, хумори ишкат ширине,
Хаячони зи савдои, магар ёрам, ту меои?
Нагунчад шоди дар сина, на сабри рузи дерина,
Бо сад хазорон ошнои, магар ёрам, ту меои?
Чи гулгулаву фарёде, сина меларзад аз ёде
Шабихи сехри руъёи, магар ёрам, ту меои?
Фаромушам нагашти хеч, хамогушам нагашти хеч,
Чамилро кулли дунёи, магар ёрам, ту меои?


Рецензии