Бахория

***
Бахория


Боз омада дар сайри чаман шухи бахорон,
Пушида ба тан нури шафак  чун гули хандон,
Бар сина нихода ду тараф Зухраву Миррих
В-аз акди Сурайё ба гиребон зада марчон.
Чашмонисиёхаш чу тилисми ватани сехр,
Асрори мухаббат хама дар вай шуда пинхон.
Абру чу равоки харами саънаи ушшок,
Лайли бари Мачнун ба фигон омада дар он.
Рух чун махи тобон шуда аз чилваи хуснаш,
Дар боги фалак базми арусию чарогон
Май – жола, кадах-лолаву соки шуда булбул,
Тути чу муганнию навозанда хазорон.
- Ин кист дар ин шаклу шамоил? - хама пурсон,
-Ин чист, ки хуррам бинамуда хама кайхон?
Ин - иди  бахор асту фаровонии гулхо,
-Ин – мавсими кишт асту фарахмандии дехкон!
Навруз бувад номашу фируз ба хар чо,
То хаст, бувад сулху акмонияти инсон!

Дар рузномаи «Маориф ва маданият» 20 марти соли 1965 нашр гардидааст.


Рецензии