Фасли чавони

Фасли чавони

Омад он ишвагари фотини ушшоки чамол,
То ба мафтуни чамолаш бидихад дасти висол.
Комат афрохта чун шамъи шабистони тараб,
Гу нигорест, ки дар боги ирам чуста мачол.
Бадри комил шуда аз чилваи он шухи пари,
Дар хичил гашта ба монанди сияхнуктаи хол.
Шамси ховар бифишонад ба сару чехраи вай,
Нури паймони мукаддас, шуълаи чоху чалол.
Зулф бар боди сабо дода, ки аз накхати он,
Пир барно шаваду боз рамак гираду хол.
Зохир аз талъати он олихаи хусни ачам,
Ки дар офоки малохат шуда бешибху мисол.
Рух чу оинаи софе, ки дар у субху шафак,
Чун ду ошик, зада бар турраи лаб буси навол.
Токи абру чу равоки харами каъбаи ишк,
Ошиконро ба хамин каъба тавоф аст халол.
Чашм чун зулмати шаб хуфта ба домони сахар,
Оламеро ба нигохаш барад аз хушу хаёл.
Сехру чоду набувад в-ар ба хакикат бошад,
Дар ду чашмони нигор аст, на дар ачзу мухол.
Лаб чу гулгунчаи садбарг агар ханда кунад,
Бахчати хандаи у зинда кунад  Рустами Зол.
Сина гу чамбари гул зинати барчастаи он,
Ду анорест чу мизони мукофоти фиол.
Ё ки чун Мусхафи заррини Авестои мачус,
Ки дар он гуфта: «Бикун неки ба гуфтору хисол!»
Дар фидо кардани чон фарку тафовут набувад,
Байни чанговару ошик зи мулокоти китол.
Он яке чон бисупорад ба дами теги чафо,
В-он дигар меравад аз ханчари мижгон ба завол.
Хар ду яксон ба талоши ачали худ бираванд,
Он ба хун гаркаву ин гутавари ашки зулол.
Он ки бошад, ки таманнои висолаш хамаро,
Карда овораю хайрон ба биёбону чибол.
Он чи бошад, ки бахояш набувд хар чи гарон,
Балки чон бошаду он чони сазовори макол.
Он бувад лаъле, ки аз пайкари Эрони кухан,
Муншаиб гашта чу точе ба сари ахли камол.
Номи он точи мучаллал бувад аз лафзи дари,
Ком ширин шавад аз гуфтани наврузи кибол.
Номи Навруз бувад рамзи чавонсолии умр,
Давраи айшу нишоту талаби ахлу аёл.
Хар ки аз субхи чавони набарад бахраи хуш,
Интиком аз у ситонад шаби пири ба малол.
Мархабо, фасли чавони, мархабо иди бахор,
Иди наврузии сулху пайки амнияти сол!


«Газетаи муаллимон» 26 апрели с.1983


Рецензии