Гуфти-буро ай дилшикан

Гуфти-буро ай дилшикан,дигар девонат намешам,
Мисоли шамъ гар чи сузи,дигар парвонат намешам.
Гуфти-кунун ба ишки ман,надори бовару хиссе,
Бо харфи дуругу лофат,дигар афсонат намешам.

Саломи охари ишкро,гуфти-надори хеч чавоб,
Бо ашку гуссаи вафо,дигар курбонат намешам.
Гуфти-ба зери поям шуд,умеду орзухои дил,
Надорам сабру кароре,дигар армонат намешам.

Хазон гардид дунёи ман,бо чому шаробам рафик,
Гуфти-беахду бевафо, дигар паймонат намешам.
Худованди мухаббатам,мебахшад як хатоеро,
Гуфти-бо захми хиёнат,дигар созмонат намешам.

Бубин каландари гурбат,мани дарвеши содафеъл,
Гуфти-бо нагхмахои ту.дигар хандонат намешам,
Зиндаги бе ту талху бад,борони чашмонам бахре,
Гуфти-Чамил Худо хофиз,дигар чононат намешам.


Рецензии