ПУНИ ДУ, ЭЙ ПУНИ ДУ

Тахту хамвори ба монанди Хисор,
Хирмани гулзори монанди бахор.
Мардумонат фотехи майдони кор,
Пуни ду, эй Пуни ду, эй Пуни ду.

Зингирогат хомии селу чар аст,
Чашмаи Бедо зи канд ширинтар аст.
Лаззати анчират хамчу шаккар аст,
Пуни ду, эй Пуни ду, эй Пуни ду.

Калпхоят (1*) бахри мо буд як чахон,
Буд фронти «ёри мову» «душманон».
Бачагии мо гузашт дар ин макон
Пуни ду, эй Пуни ду, эй Пуни ду.

Калпи Обат буд мукаддасгохи мо,
Калпи Мудин истирохатгохи мо.
Хочаи Сабзпуш ибодатгохи мо,
Пуни ду, эй Пуни ду, эй Пуни ду.

З-ангури Юсуф басе дуздидаем,
Нори  Силонро ба ягмо бурдаем.
Анчири Мирзоаминро хурдаем,
Пуни ду, эй Пуни ду, эй Пуни ду.

Кисса мегуфтанд ба мо мардони пир,
Аз мухаббат, дустии беназир.
Аз тахамтанхои юзу шергир,
Пуни ду, эй Пуни ду, эй Пуни ду.

(*1 Калп)-гори сангин

Одамонат дуст буданду тифок,
Зиндаги бинмуда бе чурму нифок.
То наёмад бар диёрат Иттифок (2*),
Пуни ду, эй Пуни ду, эй Пуни ду.

Болшевик омад ба монанди бало,
Карда Дарвозро ба кулфат мубтало.
Куч баст шахси китобхону мулло,
Пуни ду, эй Пуни ду, эй Пуни ду.

Кисмате шуд даргурез Афгонситон,
Монда бесохиб занону кудакон.
Болшевик кушт кисматеро беамон,
Пуни ду, эй Пуни ду, эй Пуни ду.               

Мардумонатро ба соли сиву чил,
Баста мебурданд шаб бе колу кил.
Чашм мекшоданд варо андар Сибир,
Пуни ду, эй Пуни ду, эй Пуни ду.

«Тоз»-у колхозхо ба по кард, болшевик,
Мардумонро бенаво кард, болшевик,
Сад хазор кори хато кард, болшевик,
Пуни ду, эй Пуни ду, эй Пуни ду.

У заминро дод ба нодору гадо,
Рохбари бахшид ба хар як носазо.
Шуд раиси колхоз Мирзо Ризо,
Пуни ду, эй Пуни ду, эй Пуни ду.

(*2) Иттифоки Шурави

Хар ки окил буду буд сохибтамиз,
Обуру дошт байни мардум буд азиз.
Кушта шуд бе хеч айбу хеч чиз,
Пуни ду, эй Пуни ду, эй Пуни ду.

Кард хазимат суи Вахши номдор,
Давраи Шуро басе мардони кор.
Хам шуда он чо хама бо эътибор,
Пуни ду, эй Пуни ду, эй Пуни ду.

Гайрати номдори ту гардид равон,
Суи Вахш бо Комилу авлодашон.
Шухраёр гаштанд зи мехнат хардушон,
Пуни ду, эй Пуни ду, эй Пуни ду.

Суи Вахш афроди ту бисёр рафт,
Гулруху хам Чураи саркор рафт.
Аз бари мо аммаки Чаббор рафт,
Пуни ду, эй Пуни ду, эй Пуни ду.

Аз канорат рафт Амиршо Гулистон,
Монда Султону Саломатро нишон.
Мекунанд ёди туро дар хар замон,
Пуни ду, эй Пуни ду, эй Пуни ду.

Ифтихори туст Маликшои Вали,
Накши пойи Дулдулу пойи Али.
Чашмаи Маргу чинори Шовали,
Пуни ду, эй Пуни ду, эй Пуни ду.


Аз Биби Фотима монда ёдгор,
Дегдони сангие дар ин диёр.
Чил чинори Хочаи Сабзпуш катор,
Пуни ду, эй Пуни ду, эй Пуни ду.

Чашмае дори ба номи Анчиро,
Оби у чун шахду бар хар дард даво.
Хочаи Сабзпуши ту марди газо,
Пуни ду, эй Пуни ду, эй Пуни ду.

Туги Одина аз у монда нишон,
Кухи Махмадбанги наздаш посбон.
Аз Кабут анчир монд то ин замон,
Пуни ду, эй Пуни ду, эй Пуни ду.

Буд Маликшои Вали овозадор,
Дар Бадахшону ба Хатлону Тахор.
Илму донишашро набудасти канор,
Пуни ду, эй Пуни ду, эй Пуни ду.

Буд машхур руйи Дарвоз сар ба сар,
Ин макол аз он замон, эй гулписар.
«Арбоб Салохи зинги-мири Шикай баробар»,
Пуни ду, эй Пуни ду, эй Пуни ду.

Зери байроки Али(р) хаст дар сахо,
Суфии Рузии бо сидку сафо.
Саф кашида дар намозаш кудсихо,
Пуни ду, эй Пуни ду, эй Пуни ду.

Давлати полвон шуда овозадор,
Бурда шухрат то Самарканду Бухор.
Карда Дарвозаш ба олам шухраёр,
Пуни ду, эй Пуни ду, эй Пуни ду.

Фахри мо буд Сурхаку Мирзокарим,
Хушкадам, Хошок, Амирбеку  Надим.
Буд Ховаршо Мусобегу Наим,
Пуни ду, эй Пуни ду, эй Пуни ду.

Фахрамон Солех буду хам Хушназар,
Шохасан буду Шариф буду Сафар.
Ёрмахмад буду Ворису Назар,
Пуни ду, эй Пуни ду, эй Пуни ду.

Ин макол монда зи пеш то даври мо,
Ёдгоре байни Зингу зингиё.
«Собаи Чогуку дастори Мусо»,
Пуни ду, эй Пуни ду, эй Пуни ду.

Бурда буданд чанг чавонони туро,
Сохибони нону хам хони туро.
Лоику хам Доди полвони туро,
Пуни ду, эй Пуни ду, эй Пуни ду.

Буд раиси колхози овозадор,
Парчаи Дилдор-зани бо нангу ор.
Менамуд ичро планхоро катор,
Пуни ду, эй Пуни ду, эй Пуни ду.


Гузаи ту куртаи хатлони буд,
Ванчиву вахёчиву шугнони буд.
Анчират сад дардро дармони буд,
Пуни ду, эй Пуни ду, эй Пуни ду.

Косибу бофандаат буд бешумор,
Бо халочи пунбаро карди тайёр.
Чархаву дук ришта метофт бекарор,
Пуни ду, эй Пуни ду, эй Пуни ду.

Одаму одамгари буд дарди ту,
Дар рахи савдогари буд марди ту.
Мискину каспарвари буд фарди ту,
Пуни ду, эй Пуни ду, эй Пуни ду.

Соли панчох, соли шаст мо кудакон,
Бачагону наврасони ин макон.
Менамудем бозии «Рустшавакон»,
Пуни ду, эй Пуни ду, эй Пуни ду.

Буд Анваршову Султоншову ман,
Хам Саломатшову Муроду Таман.
Бо Мухаммади будем  як узви тан,
Пуни ду, эй Пуни ду, эй Пуни ду.

Зилзилаву Мойчиёну Лаълмо,
Мирзомудин, Бубичону Гулсимо.
Хамрахи Мирзову Гавхар Курбумо,
Пуни ду, эй Пуни ду, эй Пуни ду.

Буд Сикандар, Нураливу Гуличон,
Холику Гулмо, Хумбар Назрон.
Гулизору Нукраву пас кудакон,
Пуни ду, эй Пуни ду, эй Пуни ду.

Дуст будем мову бо хам мехрубон,
Чанг мекардему ошти пас аз он.
Хифз карда хамдигар аз «душманон»,
Пуни ду, эй Пуни ду, эй Пуни ду.

Корхои хочагиро бо хашар,
Буд мекардем хам бо якдигар.
Чупони, кохдарав кори дигар,
Пуни ду, эй Пуни ду, эй Пуни ду.

Тарки мо кард Анваршо пеш аз хама,
Баъди он аз ин чахон рафт Зилзила.
Курбумо «лаббайк» гуфт Азроила,
Пуни ду, эй Пуни ду, эй Пуни ду.

Рафт Мухаммадиву Мирзо баъди он,
Хунчигар карда хама хурду калон.
Алвидоъ! Эй панч дусти бех зи чон,
Пуни ду, эй Пуни ду, эй Пуни ду.

Дар Душанбе хонахо кард Назрон,
Лахлмо дар сохили Кофарнихон.
Хумбарат дар чилушаш микрораён,
Пуни ду, эй Пуни ду, эй Пуни ду.


Рафт Султоншо ба хамрохи падар,
Бо Саломатшо ба Вахши пургухар.
Кард Мухаммади хам он чо чою дар,
Пуни ду, эй Пуни ду, эй Пуни ду.

Умр чун боди бахорон даргузашт,
Нест уро чораву хам бозгашт.
Сад хазорон дидаем болову паст,
Пуни ду, эй Пуни ду, эй Пуни ду.

Аз Сари ду, Буни куху Зокирён,
Мардумони безамину бе макон.
Омаданду гаштаанд сохибмакон,
Пуни ду, эй Пуни ду, эй Пуни ду.

Бе замин монда кунун сохибватан,
Сохиби мулку замин шуд беватан.
Мушт бар сина зада гуяд, ки «ман»,
Пуни ду, эй Пуни ду, эй Пуни ду.

Бисту ду дар хонавода  ин замон,
Мекунанд дар Пуни ду зисту макон.
Рузиро доранд талаб аз Ломакон,
Пуни ду, эй Пуни ду, эй Пуни ду.

Аз чануб карда иморатхо катор,
Нурали дар Боги Майдон бешумор.
Боги Майдонро намуда богзор,
Пуни ду, эй Пуни ду, эй Пуни ду.


Шоди дорад зиндагони ин замон,
Хонаи Одинаву атрофи он.
Аз Кабуду аз Талиги Суфиён,
Пуни ду, эй Пуни ду, эй Пуни ду.

Умари Шодии Шокирро бубин,
Хона карда боги Сумбул нозанин.
Сабзу хуррам карда боге гулбичин,
Пуни ду, эй Пуни ду, эй Пуни ду.

Бин  ки Тилло кардааст хавли бино,
Чойи он Арбоб Салохи бо сахо.
Аз Сулаймон, Хушкадами бо сафо,
Пуни ду, эй Пуни ду, эй Пуни ду.

Андар он кухи Душоха бо хавас,
Абдурахмон сохтааст як хона бас.
Хам зи пушти у баромад хафт кас,
Пуни ду, эй Пуни ду, эй Пуни ду.

Шуд насиби Давлати Хушвахти чон,
Хонадони Хушаки биби Силон.
Хона карда пушти кух он пахлавон,
Пуни ду, эй Пуни ду, эй Пуни ду.

Чойи Чураи Халиму Комилбек,
Карда хона Хомиди Ташрифбек.
Хаст авлодаш якин аз хону бек,
Пуни ду, эй Пуни ду, эй Пуни ду.


Хонаи Хушвахти Курбун Назришо,
Кандаву аз нав намуд он хо бино.
Буд ба вакташ номи Хушвахт «Бодпо»,
Пуни ду, эй Пуни ду, эй Пуни ду.

Холики Лоик зи авлоди Сафар,
Хаст муаззину устоди хунар.
Хонахо кард боги Сафар бар ба бар,
Пуни ду, эй Пуни ду, эй Пуни ду.

Хусрави Ворисбекро ин замон,
Мебарад Искандари Бахром нишон.
Назриаш рафта ба мулки киргизон,
Пуни ду, эй Пуни ду, эй Пуни ду.

Шерали бошад Авазхонро давом,
Бо худаш дорад баландиро маком.
Мекунад мехнат шабу руз бардавом,
Пуни ду, эй Пуни ду, эй Пуни ду.

Хочии Муъмин бо сад ифтихор,
Карда бино хонахояшро катор.
Мондаанд аз у ба имруз ёдгор,
Пуни ду, эй Пуни ду, эй Пуни ду.

Пеши хирман кард Саломат хонаро,
Зебу оро дода он кошонаро.
Кард обод манзили вайронаро,
Пуни ду, эй Пуни ду, эй Пуни ду.


Мехурад Мирзомудин хуни чигар,
Карда обод хонаи бобу падар.
Хаст насаб уро ба фикрам аз Назар,
Пуни ду, эй Пуни ду, эй Пуни ду.

Хонаи Ризвон аз он пас сар шавад,
Ёди Назриддину Хушназар шавад.
Рохи масчид аз бари он сар шавад,
Пуни ду, эй Пуни ду, эй Пуни ду.

Баъд аз он кохи Муроди сар шавад,
Ёди Мусобек, Шариф дар  сар  шавад.
Ёде аз Гулмахмади бойтар шавад,
Пуни ду, эй Пуни ду, эй Пуни ду.

Дар замини бобии Давлат бапо,
Рахмати Хушвахт намуда хонахо.
Хаст хамсоя ба кабри шайидо,
Пуни ду, эй Пуни ду, эй Пуни ду.

Монда меърос аз Хабиб бар Саъдулло,
Хонахое чанд ба фармони Худо.
Рафт Зокирюн валекин Хайрулло,
Пуни ду, эй Пуни ду, эй Пуни ду.

Доди Солих пири кори мо бувад,
Синну соли у расид андар навад.
З-у чудо имсол Хилоли мешавад,
Пуни ду, эй Пуни ду, эй Пуни ду.


Сунъатулло хонааш карда бино,
Дар замини Шехаки ё аз Нидо.
Гаштааст аз падару модар чудо,
Пуни ду, эй Пуни ду, эй Пуни ду.

Хона кард Эмом ба боги Шохасан,
Аз падар мерос надодандаш ватан.
Боги савлатро намуд у гулчаман,
Пуни ду, эй Пуни ду, эй Пуни ду.

Пуни ду ободу зебо гаштааст,
Хушзамину хонаву чо гаштааст.
Шухра дар хар кунчи дунё гаштааст,
Пуни ду, эй Пуни ду, эй Пуни ду.

Пуни ду рашки Хисори номвар аст,
Рашки хар як шахру дехи Ховар аст.
Рашки  Рашту, рашки Сугду Бохтар аст,
Пуни ду, эй Пуни ду, эй Пуни ду.

Боги анчиру анору ноки ман,
Махзани шохтуту себу токи ман.
Шухравар мардони неку поки ман,
Пуни ду, эй Пуни ду, эй Пуни ду.

Кай ракобат мекунад бо Пуни ду,
Сари ду ё Мирхайбу ё Буни ку.
Хамчунин Зокирюву Кнорай ду,
Пуни ду, эй Пуни ду, эй Пуни ду.


Обруйи Зинги мойи Пуни ду,
Ангубини Зинги мойи Пуни ду.
Ту нигини Зинги мойи Пуни ду.
Пуни ду, эй Пуни ду, эй Пуни ду.

Пуни ду сарманшагохи нози мост,
Манбаи илхому шеъру сози мост.
Махзани садхо хазорон рози мост,
Пуни ду, эй Пуни ду, эй Пуни ду.

Пуни ду манзилу маъвои ман аст,
Хонаи момову бобои ман аст.
Мактаби имрузу фардои ман аст,
Пуни ду, эй Пуни ду, эй Пуни ду.

Пуни ду майдони парвози мани,
Гушаи зебои Дарвози мани.
Зиндагониро сарогози мани,
Пуни ду, эй Пуни ду, эй Пуни ду.

Пуни ду моро сафо омухтааст,
Ахду паймону вафо омухтааст.
Хам рахи  рости Худо омухтааст,
Пуни ду, эй Пуни ду, эй Пуни ду.

Пуни дуро дар нигохаш, эй Худо,
Аз хама пасту баландиву бало.
Шухра созаш дар хама хоки Худо,
Пуни ду, эй Пуни ду, эй Пуни ду.


Васфи Пуни ду намудем кам-камак,
Киссахо бофтем шуру бенамак,
Гуфт Сулаймони зи хар чо камтарак,
Пуни ду, эй Пуни ду, эй Пуни ду.


Рецензии