Хафт хони Давлат-пахлавон достон

Хони якум
      
ДАР  ТАВАЛЛУДИ  ДАВЛАТ

Шунидам ман ин кисса аз ровиён,
Ки  диданду бишнида аз дигарон.
Ба асри гузашта ба Зинги бузург,
Яке пахлавоне баромад сутург.
Наомад бурун гар зи пахлуи мом,
Набуд дояашро  агар мург ном.
Нахурд  у агар  шири  дах дояро,
Накушта агар  пили  кухпояро.
Накардаст агар фатх кухи  Сипанд,
Ра;о гар накардаст шохон зи банд.
Накардаст у чанг  бо пури  Пашанг,
Ба майдон вале будааст чун паланг.
На бобу на  момаш набудаст шох,
Каёни ба чашмаш надидаст кулох.
На сери бихуда на пушида буд,
Ки одди яке камбагалзода буд.
Варо ном мом Давлат ниход,
Ки ёбад  камолу  газандаш мабод.
Ба он рузи мавлуди хубон писар,
На бобу на мому на шодон падар.
На май хурдаву мутриби сохтанд,
На симу на зар бар сараш дохтанд.
Надиданд  бахташ на дар ахтарон,
Надошт огахи кас аз он пахлавон.
Зи хурди варо дос  буду дарав,
Ба руз захмату орамидан  ба шав.
Яке руз то руз мешуд далер,
Ба мехнат чу бобу ба майдон чу шер.
         
Хони дуюм

                НАВРУЗИ ДАРВОЗ

Буд он руз Наврузу хам соли Нав,
Хама пахлавонон чи кухна чи  нав.
Ки аз бахри гуштин саф оростанд,
Бузургиву фатх аз Худо хостанд.
Хама халки Дарвоз чи пиру  чавон,
Шуда чамъ ба зери чинори калон.
Чиноре ки зеби хамон бог буд,
Дили душман аз рашки он дог буд.
Сар афканда андар сипехри баланд,
Набуди зи гармою сармош  газанд.
Буди фахри Дарвозу дарвозиён,
Ба ёдгори монда  ба  мо  аз ниён.
Ба мобайни  майдон баромад  хакам,
Бигуфто ки имруз довар манам.
Биёмад аз он суи дигар Амир,
Ба гирдаш уламою  чамъи вазир.
Чу биншаст бар  курсии  оч шох,
Хаме буд монанд ба  хуршеду мох.
Заминро бибурданд  мардум намоз,
Аз он шуд дили шохи мо сарфароз.
Чу Наврузи  дод тухфаи  бекарон,
Ба дарвешу бечораву кудакон.
Хама халх гуфтанд бад-у офарин,
Ки мисли ту шох надид ин замин.
Биёмад зи хар гуша савти хазор,
Садои дафу чангу ною дутор.
Ба хам чур гашта шуданд пурхуруш,
Дили ахли Дарвоз биёмад ба чуш.

Хони сеюм

       НАБАРДИ ПАХЛАВОНИ РУСТОКИ

Дар ин  чашни  фируз яке пахлавон,
Биёмад зи Рустоки  Афгонситон.
Ба китфу ба бозуву  болобаланд,
Ба майдон чу шеру ачаб  хушманд.
Даромад ба майдон рузи нахуст,
Харифе ки бошад хамоханг  чуст.
Бигуфто:  Манам пахлавони замон,
Ки хамсанги ман нест ба Афгонситон.
Ба  Рашту Бухорову Хатлонзамин,
Ба Дарвозу Рушону Шугнонзамин.
Надорад  касе тоби чанги маро,
Ва ё   мом  то хол  назодаст варо.
Баромад яке пахлавон  аз  Шикай,
Ки хушчехра буду ба боло чу най.
Бигуфто: Биёву биозмой  хеш,
Манам чун палангу  ту наздам чу меш.
Нахурди ту вар то кунун, эй чавон,
На мардиву  майдону не пахлавон.
Бигуфтанду дар хам   шуданд  он замон,
Яке аз камарбанд дигар аз миён.
Яке кард  халуку дигар зидди у,
Бубардошту афканд харифаш  пару.
Яке фанди  калмокию  он дигар,
Сари  севчи  карду наёбид зафар.
Кариб ними руз гашта буд ногахон,
Халук  кард рустоки он пахлавон.
Бубардошту  зад он харифаш ба пушт,
Зи ахли халоик баромад хуруш.
Яке чомаю симу зарри гарон,
Намуд шох тухфа ба он пахлавон.
Ба рузи нахустин бигуянд  Замон,
Бияфканд бар пушт хафт пахлавон.
Чу руз рафту омад навбат  ба шом,
Ба сар дохт у чодири тиррафом.
Пароканда гашти хама мардумон,
Вале номи рустоки андар забон.

Хони чорум

         НАБАРДИ ДАВЛАТ ДАР ИДИ НАВРУЗ

Чу хуршеди зарринрухи тохвар,
Падид омад аз кух рузи дигар.
Ба зери чинори  нишони ниён,
Ба охистагичамъ шуданд одамон.
Ба аввал ба майдон шуданд кудакон,
Гирифта зи пою дигар аз миён.
Заданду кашиданду  шод омаданд,
Дигар пеши довар ба дод омаданд.
Аз он пас чавонон ба майдон шуданд,
Талабгори кувва зи яздон шуданд.
Чавонони  бахтозмойи далер,
Ба майдон буданди ба монанди шер.
Яке баргирифт  он дигарро камар,
Бибардошт чавоне  харифаш ба сар.
Чу руз рафту бегохии тор шуд,
Ба дин Давлати гурд зафар ёр шуд.
Бияфканд  хама он харифони хеш,
Дили пахлавонон зи гам  карда реш.
Ба рузи дувуми сари  Соли Нав,
Бишуд садри майдон  чавоне  шунав.
Надонист касе то кунун номи у,
На авлоду ачдоду чам моми у.
Ба синну ба солаш агар хурд буд,
Ба майдон вале  Рустами Гурд буд.
Ба боло баланду ба сина чу шер,
Ба бозу чу Сому ба майдон далер.
Ба гуштин бидонист у банд  басе,
Хисобаш надонист ба ин ру касе.
Баромад ба д-ин руз яке пахлавон,
Ки то хол номаш бувад бар забон.

Хони  панчум

        НАБАРДИ ДАВЛАТ БО РУСТОКИ-2

Пароканда  гардид хабашро сипох,
Хамоно ки хуршед намуди нигох.
Чу нураш расиди  ба амвочи об,
Аз он зарраи об шуди  нукратоб.
Ба рузи савум пеши худ хост  шох,
Чавонпахлавон Давлати  кинахох.
Бигуфто ба д-у шох  «Бале, Офарин,
Харифони худро зади бар замин.
Ба ин чангу бозу ки дори чавон,
Биозмой бахтат  ба д-он пахлавон.
Биёмад зи Рустоку у чирра шуд,
Дили халки Дарвоз аз у  тира шуд.
Бибардор аз хок ту он  обруй,
Ки моро баробар шуд бо оби чуй».
Зи гуфтори шох руйи у сурх гашт,
Набуд то кунун синни уро ду хашт.
Биёмад ба назди бузургвор падар,
Бигуфто: Дуо дех маро аз чигар.
Ки аз гуфтаи шох нанг оварам,
Чахон пеши  Рустоки танг  оварам.
Агарчи маро сол  бошад ду хашт,
Кашам мар рустокиро руи дашт.
Чу шох з-ин  хама гуфта огох шуд,
Зи хурсанди руяш хаме  мох шуд.
Бихонд ганчуриву бигуфто ба у,
Яке чомае дех ба Давлат наку.
Ки бошад сазовори ин некписар ,               
Бибахшой бар у боз заррин камар.
Даромад ба майдон  Замон пахлавон,
Ки омад зи Рустоки Афгонситон.
Хаме гирд гашту хаме  кард назар,
Писандаш набуд кудаки  пурхунар.
Бигуфто: Бирав , эй писар назди мом,
Нахурди ту ширу хануз хасти хом.
Нарафтаст кунун сину солат ба бист,
Нахохам ки бар холи ту кас  гирист.
Ту дони ки номи маро  мом  Замон,
Ниходасту хастам яке пахлавон.
Маро зури бозу ки чун Рустам аст,
На аз деву чину бани одам аст.
Чавобаш чунин дод чавонпахлавон:
Машав гарра бар зурии бозувон.
Агарчи ба сол  хасти аз ман  калон,
Ба майдон суханхои  нохуш марон.
Ту диди ба пасту ба бало чахон,
Чу дидам туро магз  тихист  пахлавон.
Ба боло баланди ба пахно чу дашт,
Ду лингат хадангу  сарат хамчу ташт.
Мададгор  шавад, гар ки имруз худо,
Бисозам  туро, эй Замон  зери по.
Намонам, ки зери  чинори ниён,
Зи Русток голиб шавад пахлавон.
Биёву биозмой зурат  Замон,
Ки дар дил намонад туро ормон.
Бигуфтанду дар хам даровехтанд,
Хама  хоки майдон ба хам бехтанд.
Капид он яке аз дуволи камар,
Дигар аз гиребону аз пушти сар.
Яке навчавону яке нима пир,
Яке чун камону дигар  хамчу тир.
Яке дошт шухрат  ба Ховарзамин,
Дигар буд чавону пур аз кахру кин.
Хулук карда Давлат  яке зур дод,
Билагжид варо пою пару барфитод.
Бифахмид ки рафтаст харифаш ба фанд,
Намудаст равган рагу пой чанд.
Аз ин макру хилла дилаш хира шуд,
Чахон аз газаб пеши у тира шуд.
Бигардиду омад ба пеши  Замон,
Капид аз гиребонаш он пахлавон.
Ба кахр омаду каш-кашон сохташ,
Зи боло ба поён сар  андохташ.
Шуди комати хамчу сарви Замон,
Дар ин лахза хам хамчу  чочикамон.
Ба даври дигар Давлати пахлавон,
Капид аз  камарбанди афгон –Замон.
Кашид суи  хешу бубардошташ,
Бидод зуру андар замин дохташ.
Баланд шуд садои хама одамон,
Ки гуфтанд : «Зихи»,Офарин,Зинда мон!
Ба д-ин синну соли ту, эй навчавон,
Набуда касе то кунун пахлавон.
Зи хурсанди аз курсии  оч шох,
Бичасту дурахшид ба монанди мох.
Биёмад ба наздики шох он чавон,
Замин сачда карду дурудаш бихонд.
Дуруд мар туро гуфт, шахи  некбахт,
Ки човид монед  туву бахту тахт.
Шинондаш ба пахлуи худ подшох,
Бипушонд уро ба сар заркулох.
Бидодаш яке чома аз симу зар,
Камарбанди  пурнакшу як гови нар.
Бигуфто к-аз имруз туи  пахлавон,
Ба дарбори ман то маро хаст равон.
Бишуд пахлавони дари бори шох,
Чавонпахлавон Давлати некхох.

Хони  шашум

КИССАИ ДАВЛАТПАХЛАВОН БО ХАРОНАШ

Бад  ин кор гузашти  яке сол чанд,
Шуди  номи Давлат  ба хар су  баланд.
Ба Дарвозу Кобул ба Мозандарон,
Бухорову  Куканду хам Балчувон.
Бадахшону Хатлону Афгонситон,
Буди номи Давлат ба вирди забон.
Яке кисса гуям аз он пахлавон,
Ки мондаст ёдгор ба мо з-он замон.
Чунин гуфт рови , ки як соли шум,
Фаровон гардид   ба хар деха бум.
Яке  соли кахти буду соли сахт,
Ту гуйи ки Заххок  нишасти ба  тахт.
Хамон  соли сахт  Давлати пахлавон,
Ба хамрохии як,  ду, се навчавон.
Гирифт  Давлату  он харонаш  биронд,
Ба Кулобу шаб дар яке деха  монд.
Надонист касе уву у  хам касе,
Бимонд пеши  масчид ба хайрон басе.
Ба дил гуфт к-имшаб ба масчид  равам,
Шикамро   кунам серу шаб  бигнавам.
Харонро чи чора кунам  ман ба шаб,
Зи ки огилеро намоям талаб.
Надонам касеро маро хам касе,
Бимонд дар гами  он ду  хар у басе.
Бидид пушти масчид яке нардбон,
Илохаш биёбам бигуфт он замон.
Бисанчида нардбон ачаб сахт буд,
Ту гуи ки рох бахри ту тахт буд.
Дилаш  пур шуду дод  алаф бар харон,
Баромад хамон лахза  бонги азон.
Тахорат намуду гузорид намоз,
Намуд бар Худои Кабир арзу роз.
Намоз хонда хон даранлохтанд,
Хар он чи ки доштанд бар он дохтанд.
Яке тутпусту яке чою нон,
Яке ширбиринчу дигар ширу нон.
Бихурданду  сухбат намуда сипас,
Бирафтанд ба суи дару бум пас.
Чу Давлат ба  масчид танхо бимонд,
Дуо карду кувва зи яздон бихонд.
Ба берун шуду бо хамон нардбон,
Сари китф карду баровард харон.
Чу бар боми масчид баровардашон,
Рахо гашт гуи зи бори гарон.
Даромад ба масчиду  осуда шуд,
Сарашро ниходу каме  хуфта буд.
Чу субх омаду чашми руз гашт боз,
Халоик биёмад ки созад намоз.
Зи бом хар яке сахт хангос кард,
Дили халки  дехро  ба  талвос кард.
Халоик ба берун шуданд он замон,
Бидиданд бар боми  масчид харон.
Хама тавба карданду хайрон буданд,
Талабгори рости зи яздон буданд.
Баромад зи масчид Давлат давон,
Ба бом рафт назди яке з-он харон.
Сари  китф  карду фуровард варо,
Ниход бар замину  бигашт у кафо.
Чу аз бом фуровард  харон бар замин,
Халоик бигуфтанд ба д-у офарин!
Бигуфтанд якин Давлати,  эй чавон,
Ки ин кор кардан дигар кай тавон.
Бипечонида  гирдаш хама мардумон,
Саволаш бидоданд аз ину аз он.


Хони хафтум

КИССАИ  КУВВАОЗМОИИ  БИБИХОТУН БО ДАВЛАТПАХЛАВОН

Чунин гуфт он ровии некруй,
Зи Давлат  кунам бо  Шумо  гуфтугуй.
Ба Дарвозу  Рашту  Хисору Бухор,
Бадахшону Хатлону  мулки  Тахор.
Буди номи  Давлат ба вирди забон,
Гирифто тахалус ба худ «Пахлавон».
Бузургу кавиву  сару панча шуд,
Ту гуйи  ки худ  Рустами  гурд буд.
Чу номаш   баланд гашт бар хар диёр,
Биёмад  алайхаш  яке номдор.
Зи Хатлон буд у яъне аз Балчувон,
Ачаб пурхунар буд  чу шери жаён.
Дигар пахлавон омади аз Хисор,
Шуда маъруф хар чо ба  исми Сатор.
Кавиву баланду  пуроханг буд,
Ба майдон ту гуйи ки дар чанг буд.
Дигар пахлавон аз  Бадахшон буди,
Кавипайкару  чехрахандон буди.
Ба-дин сон хама  солу мохи дароз,
Хариф омади бо хама баргу  соз.
Бирафтанду бо Давлати пахлавон,
Гирифтанд  гуштин якояк хар он.
Яке Соли Нав он дигар Мехргон,
Яке рузи Наврузи  номоварон,
Чунин низ буди ки хар фасли сол.
Биёмад харифу биёбид завол,
Хулоса ки омад ба хар давру гард.
Расида ба Давлат намуда набард…
Яке соли гармо буду оби кам,
Заминро набуди на обу на нам.
Хамон сол Давлат ба киштзори худ,
Шинонда буд у лубиёву нахуд.
Ба кисме чувори ба кисме алаф,
Хаме мошу сабзи, наёбад талаф.
Яке руз  бегох шуду пахлавон,
Бирафт  обёри кунад он макон.
Ба даст курчаку хам ба по хумако,
Бигуфт хохарашро ки :  Чони  Ако.
Ту бар хона шину хурокам бипаз,
Ба катбонугиат надорам гараз.
Равам  мар заминро  сероб кунам,
Хамон чо ба чолёб каме  хоб кунам.
Наметарси гуфто ба у хохараш?
Ки розе нихон дошт у бар сараш.
Чи хоби  тани танхо дар ин  замин,
Набошад дар он чо бани одамин.
Бихандиду гуфто  бад-у пахлавон:
- Наметарсам аз хеч касе  дар чахон.
На  аз  деву чинаш бикун бовари,
Набошад маро тарс, эй Гулпари.
Ба он зуру бозу, ки додам Худо,
Кунам чумла душман  хама  зери по.
Бигуфтанду хар су парешон шуданд,
Талабгори неки зи яздон шуданд.
Гузашт соате чанд аз ин гуфтугу,
Бихушкиду обаш наомад ба чу.
Ба худ гуфт Давлат : - Чаро оби чу,
Бихушкид  рафта кунам чустучу.
Хаво торику хомушу гарм буд,
Насиме ки аз Панч буд нарм буд.
Баромад бидид дар сари рохи об,
Яке рост истода шахсе шубоб.
Салом дод Давлат чавобе нагуфт,
Ту гуи забон дар дахонаш нухуфт.
Бирафт то кушояд сари рохи об,
Ичозат надодаш харифи шубоб.
Дили Давлат аз кори у хира гашт,
Чахон пеши чашмаш басе тира гашт.
Бад -у гуфт ки хохам бе хеч баён,
Рави аз паи кори худ, эй чавон.
Надонам туро, ки ту худ кисти,
Талабгори пархош ту аз чисти.
Бимон гуфт, заминам пури об кунам,
Равам зери чолёб каме хоб кунам.
Нахохам ки дар ними шаб эй чавон,
Кунам бо ту чанчол аз ину аз он.
Чавобаш чунин дод пархошчуй:
-  Маро бошад ин обу ин чуйю  куй.
Агар бошадат  заррае хам хунар,
Бигир обро бар заминат бубар.
Бигуфто бад-у Давлати пахлавон,
Якинан маро нашнохтаи, эй чавон.
Ман он пахлавонмарди дарвозиям,
Ба мисли укобони парвозиям.
Бигуфтанду дар хам даровехтанд,
Хама хоки рохро ба хам бехтанд.
Наёбид дар он чо на Давлат зафар,
Набуди чавонро он шаб дафар.
Худоё чунин пахлавон то ба хол,
Надидам ба монанди авлоди Зол.
Ба майдон палангу ба сабкат далер,
Ба пою ба панча ба монанди шер.
Бубояд, ки ёфт чораи корро,
Ба кор оварам акли бедорро.
Бигуфто: биё то каме дам занем,
Бихонем намозу пасон чамъ шавем.
Ба вакти намозу дуову сано,
Буди гушаи калби Давлат сиё.
Хама чушу ёдаш бикарда равон,
Ба гуштин алаухи хамон навчавон.
Бирафт суи хона парешон хавос,
Чунон монда буду дилаш пурхарос.
Даромад ба хона бидид хохараш,
Парастори дорад бар он модараш.
Хаме хон  партофтаву чойю нон,
Атола бихурданд он хардушон.
Салом доду Давлат нишаст гирди хон,
Биёвард  Хотун атола чаккон.
Бигир, эй бародар, бикун нуши чон,
Бигуфт Хотуну  пешаш овард нон.
Гузошту худаш рафта пушти сутун,
Каме кард  наззораву рафт бурун.
Пас аз лахзае шуд дари хона  боз,
Даромад  ту   гуи ба хона гуроз.
Дили Давлат аз ин ачаб шуд хичил,
Чунин буд монанд ки биншаст ба гил.
Хичил гашту сомонааш гум  намуд,
Хама руи олам ба у шум намуд.
Дилаш хост аз хона ронад варо,
Ва ё зери калтак супорад варо.
Аз ин кори Давлат бихандид чавон,
Бигуфто: Дуруст кун нигох пахлавон.
Манам  Хотун он  хохари зори ту,
Ба кору ба хона мададгори ту.
Бигуфту зи сар он кулохаш гирифт,
Аз ин кор рухи Давлат шукуфт.
Сано гуфт  мар он холики покро,
Худованди машхуркуни хокро.
Варо ки зи як мушти хоки сиёх,
Бузурги намуд бахри Одам ато.
Хазору хазорон дуруду сипос,
Ки хасти ачоиб ту худ хакшинос.
Ва бархост зи чову гирифт дар канор,
Бигуфт бар худованд дуруд  бешумор.

Зи рафтори Хотун хаме шод шуд,
Зи у дарди дерина барбод шуд.
Бигуфто ки дорам кунун пушти сахт,
Хама умр боши ту хохар ба бахт.               
Хамин кисса буд байни онхо нихон,
Аз он руз то он ки будшон равон.
Чунин кисахо аз  хамон пахлавон,
Зиёданду гуем хама бегумон.
Ва имруз  чунин кисса пардоз кунем,
Садо  бар хама  халки Дарвоз кунем.
Бигуем ки аз Давлати пахлавон,
Бимондаст ба мо киссахо бегарон.
Хар он ки хабиби дили мо бувад,
Ки то хаст дунё ба дил чо бувад.
Чу Давлат ватанхох бояд будан,
Ватанхохи огох бояд будан.
Хама гирд оеду Вахдат кунед,
Ватанро бихишт  бе киёмат кунед.
Бикушед ки дониш биоред ба даст,
Ки тонад  бедониш аз банд част.
Ки дониш дили рушани мо бувад,
Мадору сутун бар тани мо бувад.
Равед аз паи некмардони хеш,
Ватан то ки обод шавад беш зи пеш.
Ба назм оварда ин киссаро,
Сулаймони бинавишт бахри шумо.
Бибояд хама пахлавони кунем,
Ватанро хаме посбони кунем.


Рецензии