Газалиёт 2

Эй меравиву чони ман думболи ту гардад равон,
Монанди амвочи дамон, монанди чуфти кокулон.
Ту меравиву аз пасат дарёи ашкам меравад,
Дарёи чашми хосу ом аз мардуми пиру чавон.
Гар он яке созад назар бар кадди чун сарви баланд,
В-он дигаре созад назар бар чашму абруйи камон.
Афсун намуда хусни ту чашмони пурафсуни ту,
Мадхи ту гуянди басе бо сад забони бе забон.
Эй рашки шамсию камар, эй аз туям хуни чигар,
Бинмо яке бар мо назар, эй сохиби кавну макон.
Гар ишки мо овоза шуд, андар дару дарвоза шуд,
Дунёи калбам тоза шуд, шодам аз ин, эй мехрубон.
Номи хушат андар забон, созад Сулаймони баён,
Аз субхи содик то ба шом, эй чону чонони чахон.

                ******

Субх дамид во дари дарвоза шуд,
Аз гули заррин ба бар шероза шуд.
Мурги сахар болу пари худ кушод,
Аз нафаси атр замин тоза шуд.
Шеъри нави шоири ширинкалом,
Часта зи банд кафтари озода шуд.
Васфи диёру ватану субхи нав,
Васфи каломаш чи хуш овоза шуд.
Халка ба гуши бути дарвозиям,
Аз гулу луълуи тар овеза шуд.
Мавчи шикан дар шикани Хумбиов,
Васл шуду майда шуду реза шуд.
Мехри Сулаймони ба ин марзу бум,
Бе ададу бе хаду андоза шуд.

                ******
Даме, ки мехироми аз паси девор  охиста,
Рабои  чону дил аз ошики дилдор охиста.
Хиромию нигохи чашми махзунон зи думболат,
Гуселонад туро то сохили чуйбор охиста.
Кади чун сарву руйи хамчу мохат мебарад дилро,
Ба боги олуву бодому себу нор охиста.
Кушойи кокулону об поши бар рухи симин,
Ба руйи об тобад кокулат чун мор охиста.
Зи нури субхи хуршед аз чабинат катрахои об,
Дурахшон аз кавокиб дар самои тор охиста.
Зи буйи колкулонат анбарафшон гаша ин бўстон,
Шуда масту сарояд андалебу сор охиста.
Сулаймони саро авсофи ин дарвозидухтарро,
Ба ашъори нават бо савти чангу тор охиста.

                ******

Дучорум зо яке лайлиузоре,
Сари чашма  миёни  кухсоре.
Кадаш сарву рухаш чун мохи тобон,
Панах карда махаш зулфайни море.
Лабонаш пиставу абру хилоле,
Шуда наргиси масташ пурхуморе.
Ба руйи сап-сафедаш холи мушкин,
Бибурда дил якин аз сад хазоре.
Бихостам, то ки аз пеши бари у,
Ба ягмо оварам харду аноре.
Табассуми малехе карда гуфто,
Карореву карореву кароре.
Чу бикшод у лабони гунчасояш,
Бидидам симзада дандон каторе.
Сулаймони ба васфи мохи Дарвоз,
Сурудаст ин газал бо ифтихоре.

               ******
Диламро бурдааст як гулхуморе,
Зулайхоталъате Ширинузоре.
Фиканда суйи ман у тири пайкон,
Ба хар лахза яке не, сад хазоре.
Наяст монанд на бо чину бо инс,
Пар; аст ё фаришта ё нигоре.
Кадашро сарв гуям ё санавбар,
Ки бурда аз мани мискин кароре.
Нишаста тарфи сахрову лаби чуй,
Надиму чокарон гирдаш каторе,
Ду чашми наргиси шахлои масташ.
Шуда аз бодаи ноб пурхуморе,
Кадах пур мекунад аз чоми заррин.
Ба вакти пешину шому нахоре.
Сулаймони расад то мисли Мансур,
Ба дидораш равад бар зери доре.

             ******
Пайки Истиклол суи мулки Дарвоз омадаст,
Мурги икбол парзанон хар су ба парвоз омадаст.
Дар рахи сулху суботу Вахдату созандаги,
Точики фархунда ин дам хуш сарафроз омадаст.
Як тараф бингар, ки роху деха ободон шавад,
Як тараф точик бари хам ёру дамсоз омадаст.
Як тараф богу замини нав гулистон мешавад,
Як тараф Рогун ба олам гулгуландоз омадаст.
Парчами озодиро андар само афрохта,
Бо суруди Милливу бо савту бо соз омадаст.
Аз парешони нигах дор миллати моро, Худо,
Чун ба хам бо захмату бо сехру эъчоз омадаст.
Аз Сулаймони ба васфи иди Истиклол, чи хуш,
Дустон шеъри наве гардида огоз омадаст.

            ******
Диламро бурдааст бо як нигохе,
Баландболову чашмони сиёхе.
Шуда куфри рухи монанди мохаш,
Ду зулфи хамрадифи шомгохе.
Лабони гунчасояшро чи гуям,
Ки вом бурдаст лаъл аз подшохе.
Ба кунчи лаб нишаста холи мушкин,
Чу хиндубачаи гумкардарохе.
Агар боре равад у суйи бозор,
Шавад бозориён ахволтабохе.
Ба масчиду куништу дайр ояд,
Ба пояш мефитад сад пургунохе.
Ба даст тасбеху бо зуннору бо далк,
Равад суйи харобот гох-гохе.
Хидоят кун ба рохи рост, эй зид,
Нигах дори маро аз иштибохе.
Сулаймони биовар чуръа-чуръа,
Аз он май бахри хар сохибнигохе.

             ******

Эй карда гул аз хандаи ту фасли зимистон,
Торочи  дили  габру  насрову мусулмон,
Гардид хами абруят мехроби дили мо,
Аз комати болот хичил нахли гулистон.
Гар парда бигири зи рухат, эй бути сармаст,
Шамсу камар аз шарм шавад сар ба гиребон.
Дар боги латофат чу ту хеч гул нашукуфта,
Дар боби маони набувад чун ту сухандон.
Дар хусну назокат, ки надори ту назире,
Ангушти таачуб бигазад Юсуфи Канъон,
Он лаълу лабу катраи марчони ду чашмат.
Пайдо нашавад дар Яману кухи Бадахшон,
Бархезу биё мачлиси моро тараб афзо,
Эй булбули шуридаву эй шамъи шабистон.
Бархезу биё то ки ба афлок занем чанг,
Монанди Сулаймони, ки зад панча ба шерон.

              ******
Аз чоми майи нобат як чуръа шаробам дех,
То пухта шавам боре, сузиши кабобам дех.
Монандаи Иброхим, аз Шибливу аз Мансур,
Дар рохи саодатхо сабри бехисобам дех.
Чун Тохиру Зухроят, чун Вомику Узроят,
Юсуфу Зулайхоят калби чу шахобам дех.
Дори дахани чун мим, зулфони сиях чун чим,
Аз халкаи миму чим бе чурм чавобам дех.
Эй чонаму чононам, эй сарви хиромонам,
Эй гунчаи бустонам, як нашъаи нобам дех.
Хохам ба хама олам авсофи туро гўям,
То васфи туро хонам илхоми шубобам дех.
То ин-ки ба тан пўшам ман хилати хизрона,
Як буса аз он лабхо аз бахри савобам дех.
Шаст рафту аз он бигзашт умри ту Сулаймони,
Як байти тару тоза бо сози рубобам дех.

                ******
То мехр нашуд ба синахо чо, эй гул,
Як байт нашуд зи ишк иншо, эй гул .
То руйи туро надида рафтам ба сафар,
Комёб нашудам ба кори дунё, эй гул.
Гуё, ки тилисму сехру чодуйи мани,
Тумори хама дарду аламхо, эй гул.
Шаб то ба сахар ишки туро мегуям,
Эй кабкаки хушадои сахро, эй гул.
Дар сояи сарви дилнавозат чи хуш аст,
Бо бодаву соз лаби Мусалло, эй гул.
Бо ёри гуландом лаби Хумбов ойи,
Харгиз накуни ёди Мусалло, эй гул.
Бархезу биё дари дилам боз намо,
Сар то сари Дарвози дилоро, эй гул.
Ил;оми Сулаймони чу ояд зи само,
У васф кунад ишки Худоро, эй гул.


Рецензии