Газалиёт

Агар боре хатое карда бошам, авф мепурсам,
Агар чабру чафое карда бошам, авф мепурсам.
Агар дар дафтари иншои озодам ба дарси ишк,
Хичои нобачое карда бошам, авф мепурсам.
Хамеша содикам дар кавламу дар ахду паймонам,
Чафое бар вафое карда бошам, авф мепурсам.
Туи дирузу имрузам, туи фардои фирузам,
Дигар касро садое карда бошам, авф мепурсам.
Набошад мисли ту зебосанам дар руйи ин олам,
Назар бар хушликое карда бошам, авф мепурсам.
Надидам не вафову не садо аз хубруёнаш,
Ба хубруён сафое карда бошам, авф мепурсам.
Якеро дар чахон зуру дигарро нотавон карди,
Заиферо дифое карда бошам, авф мепурсам.
Зи шавки дил Сулаймони ба васфат шеър гар гуфта,
Висолатро давое карда бошам, авф мепурсам.

                ******
Биё, ки аз лабони майпарастат буса мехохам,
Зи чашмони сиёхи масти-мастат буса мехохам.
Ватан обод гашт аз мехнати дастони симинат,
Зи дастони базеби гулпарастат буса мехохам.
Зи нури руйи ту хам моху хам хуршед рахшон аст,
Биё, ки аз рухи зебопарсастат буса мехохам.
Кадат сарв асту шамшод асту нахли боги Ризвон аст,         
Биё, ки аз кади  болопарастат буса мехохам.
Ба кунчи лаб ачаб зебо бувад он холи мушкинат,
Аз он холи лаби хиндупарастат буса мехохам.
Шуди оводадор аз захматат дар рушди ин майхан,
Аз он мехри дили майханпарастат буса мехохам.
Сулаймони, биё, васфи шикасти зулфи мораш кун,
Ки аз зулфи шикаст андар шикастат буса мехохам.

                ******

То ки туро дидаву шайдо шудам,
Шефтаи наргиси шахло шудам.
Бастаи зулфайни думи акрабат,
Маст аз он лаъли шакархо шудам.
Тири нигохат бишкофт чону тан,
Бетану бечону сару по шудам.
Хонда будам киссаи Мачнун валек,
Худ хадафи сурати Лайло шудам.
Гар, ки чу Юсуф бариям аз гунох,
Бандаи як макри Зулайхо шудам.
Коматам ар гашта ба монанди дол,
Даъвии як комати боло шудам.
Эй, ту Сулаймони, бигу ин хадис,
Ошики як дилбари зебо шудам.

                ******
Хусни руят чумла оламро мунаввар мекунад,
Зулфи мушкинат чахонеро муаттар мекунад.
Харду гесуят рабуда мавч аз Хумбову Панч,
Коматат хар чо хичил сарву санавбар мекунад.
Холи мушкини баёзи гарданат, эй махлико,
Киссахо аз гардани охуву кафтар мекунад.
Мехиромиву хама халки чахоне дар ачаб,
Чилваат товуси бустонро мусаххар мекунад.
Бишкуфад гар гунчаи лабхои майгунат ба ноз,
Калбхоро пур шарар монанди ахтар мекунад.
Гар кадам мони ба хилватгохи моён як шабе,
Дон Сулаймони туро чун точ бар сар мекунад.

                ******

Ба номат мекунам огоз хар субхи сафоямро,
Намозамро атоямро, хама мехру вафоямро.
Ба номат меравам дар рохи нохамвори ин гардун,
Ба умеде кабул сози ба даргохат дуоямро.
Хатокорам, хаторафтор кунам хар лахза истигфор,
Умедворам, Худоё то бубахшойи хатоямро.
Саногўйи туву пайгамбару авлоди ў хастам,
Пазиро бош дар олам дурудамро, саноямро.
Ба номат меравам харчо, бичўям малхами дардам,
Фиристон аз хазоинат ба хар дарде шифоямро.
Садоят мекунам хар лахзаву хар рузу хар соат,
Чу доди ваъдаи «лаббайк» хар харфу хичоямро.
Шудам соили рухсори накўят гуфт Сулаймони,
Сафое кун, сахое кун раво кун муддаоямро.

                ******
Гар табассум сози чонамро нисорат мекунам,
Мисли Лайливу Зулайхохо шиорат мекунам.
Гар вафову дусти ин бошаду лутфу карам,
Киблаи худ баъди ин суйи диёрат мекунам.
Суфиён гар «хуву ё ман ху» бихонанд рузу шаб,
Базми осмонкаф ба сози чангу торат мекунам.
Рафта дар мачлиси хамморони маъруфи диёр,
Чумла хамморон фидои як хуморат мекунам.
Мезананд лофу газоф аз хусни зебо махвашон,
Махвашонро садкаи руйи бахорат мекунам.
Мекунанд рушду нумуъ бо нури хуршед хар гиёх,
Сад хазор шеде иваз бо як шарорат мекунам.
Гуфтаи поро намон берун зи хадди ройи ман,
Хар баду некро якин бо ихтиёрат мекунам.
Рузу шаб дорад Сулаймони хавои оразат,
Чону танро хадяи руйи нигорат мекунам.

                ******
Аз лабонат буса кардам, чисму чонам дар гирифт,
Сухта сар то ба поям ранги хокистар гирифт.
Чисмам андар оташи хачри фирокат сухта,
Хамчу муй бо печу тоб чун хезуми тар дар гирифт.
Хостам, то ки кадам монам ба куйи гулбадан,
Он ракиби нокаси сарсахт рохи дар гирифт.
Ёди руйи хубату лабхандат, эй сарви равон,
Рузафзун дар дилу чон чой махкамтар гирифт.
Мешукуфад гул ба гулзори дилам бо номи ту ,
Мехри ту дар калби ман аз чон болотар гирифт.
Гуфтамат боре биё, то расми ошнои кунем,
Расми ошнои гузошту даст бар ханчар гирифт.
Мекунад васфат Сулаймон; ба субху шом агар,
З-ин сабаб номи накуят чумла бахру бар гирифт.

                ******
«Марде, ки хеч чома надорад ба иттифок,
Бехтар зи чомае, ки дар у хеч мард нест».
Дидам басе мард дар ин дайри пургазанд,
Дар нолаанду дар танашон хеч дард нест.
Хастанд  басе рохравони рахи дароз,
К-олуда ба домони яке изи гард нест.
Рафтаст гурухеро агар синну сол ба чо,
Дар рохи ибодат яке з-онхо ба тард нест.
Гуфти, ки биои бари ман дай шавад бахор,
Нашнидаи, ки фасли бахор хам ба вард нест.
Бингар ба бустону гулистони зиндаги,
Оё бидидай, ки дар он барги зард нест,
Харчанд Сулаймони надид мехри  мохрухон,
Лекин дилаш зи ишки париёна сард нест.

                ******

Мешавад, ки васфи ту то Балху то Шероз кунам,
Хар замон чону танамро бар ту пойандоз кунам,
Мекушад лабханди пур афсуни ту рузе маро,
Кай шавад асрори дил пеши ту иброз кунам.
Номи ту ояд ба лаб дил мешавад гаркоби хун,
З-оби чашму хуни дил Аржанги нав эчоз кунам.
Дил даруни сина чун кабки кафас шуд бекарор,
Бекарори чанд зи хачрат, эй бути танноз кунам.
Шуд талабгори рухат габру насорову яхуд,
Дидани руи ту бо нагмаву бо соз кунам.
Эй ки хубони чахонро хуши аз руйи ту хаст,
З-ин сабаб парвонасон суи ту парвоз кунам.
Гуфт Сулаймони, ки з-ин пас руйи олам бе ибо,
Васфи обу чаману дилбари Дарвоз кунам.

                ******
Мешавад рузе, ки васфи мохи тобон мекунам,
Васфи руяшро ба Аршу моху Кайхон  мекунам.
Мешавад рузе, ки лабханди латифи дилбараш,
Ман шабехи наргису садбаргу райхон мекунам.
Мешавад рузе  ба авроки дилам бе хеч ибо,
Васфи руяш аз азал то рафтани чон мекунам.
Мекунам васфи кади сарву баёзи гарланаш,
Васфи амвочи ду гесуяш фаровон мекунам.
Зулфи чин-чину лабони шаккару холи сиёх,
Гар шавад моро муяссар бусаборон мекунам.
Гар шавад боре насибам дидани дидори у,
Шукри он дидору сад рах шукри Яздон мекунам.
Меравам бар куйи у субху ба пешину ба шом,
Рузе панч рах тоати у аз дилу чон мекунам.
Бегарон дорад Сулаймони гуноху чурму айб,
Тавбаи  насх з-ин сабаб дар пеши чонон мекунам.


Рецензии