Дар сугвории устоз Косими

Нахли пурборе зи боги илму ирфон рафт-рафт,
Ошики хар зарра хоки Точикистон рафт-рафт.
Рафту чойи у намеруяд дигар нахле чунин ,
Дустдори мактабу тифли дабистон рафт-рафт.
Аз миёни ахли орифони точик ин сахар,
Гашта хомуш як чароги нурафшон рафт-рафт.
Рафт як донандаи Хофизу Саъдиву Камол,
Вориси Бедилу аз Чомии хушхон рафт -рафт.
Рафту дар Дарвоз ятим шуд «Маснавии Маънави»,
Андалеби боги «Бустон»-у «Гулистон» рафт-рафт.
Мавлави рузи висолаш найнавози гар кунад,
Пешвозаш Рудаки хам уднавозон рафт-рафт.
Хок бар сар кардаву чома дарида дар бадан,
Дар фирокаш сели ашки илм дустон рафт-рафт.
Рафт Абдулкодири Косим яке марди Худо,
Халки Дарвоз аз гами худ синабирён рафт-рафт.
Хун чакад аз калбу аз килки Сулаймони чи суд,
Орифе аз назди ёрон суйи чонон рафт-рафт.


Рецензии