Дар сугвории Парвизи Мирмухаммад

Шахпарат имруз шикаста, кувватат хам кам   шуда,
Комати сарват мисоли чочигулак хам шуда,
Аз гаму андух ду чашмат чашмаи Зам-Зам шуда,
Дар бахор фасли хазон бар хонаат хамдам шуда,
Ох, сад оху фигон Парвиз ба хоки нам шуда.

Дар чавони з-ин чахон бо оху афгон рафт-рафт,
Бо хазорон хасрату пур дарду армон рафт-рафт,
Ношукуфта як гулаш фасли бахорон рафт-рафт,
Калби волидайни худро карда бирён рафт-рафт,
Аз гами у гуйё руйи чахон мотам шуда.

Сер у кай гашта буд аз руйи фарзанди азиз,
Аз гашу почакзанихои чигарбанди азиз,
Аз мухаббат аз канори ёри дилбанди азиз,
Аз гуселу пешвозу кахру лабханди азиз,
;ам зану фарзанди у ошёни дарду гам шуда.
Модараш рузи видоъ чун булбули гуё буди,
«Во чигар» хам «Во писар» аз арш ;ам боло буди,
Нолахои хохараш бар авчи Сурайё буди,
Сели ашки додараш чун новаки осиё буди,
Дар ду олам мотаме монанди ин руз кам шуда.

Ахриман ин дам ба майдон асптозимекунад,
Бахри махви миллати мо дастдарози мекунад,
Точикеро гар кушанд у сарфарози мекунад,
Бахри катли точике точика рози мекунад,
Боз такрор киссаи Сухробу хам Рустам шуда,

Кобило, бар марги Хобил дастдарози ;анд куни,
Хуни нохак рехта хоки поки моро ганд куни,
Имрузу фардову пасфардои моро фанд куни,
Захр бар коми дигар бар коми хештан канд куни,
Зери хок Исову Мусо Ахмаду Одам шуда.


Рецензии