Гам даруни синнахо чо карда рафт

Бо чамии ёру дўстон хайру хуш нокарда рафт,
Дарду гамро дар даруни синахо чо карда рафт.
Рафт ў дигар намеояд ба даври пургазанд,
Ваъдаи дидорро дар хашр бо мо карда рафт.
Шуд баланд канди ваю айши рафикон карда талх,
Аз замини паст то авчи Сурайё карда рафт.
Гарчи машхур буд андар Вахдату Дарвозу Вахш,
Бе талош чонаш нисори арши улё карда рафт.
Нест дастгираш на молу мулку не чо;у чалол,
То абад ў тарки ин амволи дунё карда рафт.
Рафт Султони Мадат дар синну соли Мустафо.
Харду фарзандаш васии ёру ошно карда рафт.
Дар тамузи соли асп бурданд варо чобуксавор,
Тан ба хок рафту рухаш парвоз ба боло карда рафт.
Гарчи аз килки Сулаймони чакад хун хар замон,
Рўйи дафтар арза аз дарду аламхо карда рафт.


Рецензии