Биё бингар Каронро

Биё чоно тамошо кун Каронро,
Нишоне аз диёри Ориёнро.
Биё бингар чисон ачдоди точик,
Ба руи куху бо роххои борик.
Тамаддун руйи куххо офарида.
Мисолашро касе то хол надида,
Нигар бо чашми худ бар Маъбади об,
Ба зераш сохтмоне хаст зи осёб.
Гузар бар Маъбади боду назар кун,
Аз ин гуша дилатро пуршарар кун.
Яке Мачлисгахе бини ту он чо,
Набошад мисли он дар руи дунё.
Дар он  чо чогузин шоху вазирон,
Уламою  удаббою  надимон.
Дар ончо чойи дехконон чудо аст,
Факеронро ба худ махсус саро аст.
Бисозида ба Карон Панчманоре,
Ки буд дар хар замон овозадоре.
Варо худ Маъбади оташ бигуфтанд,
Ба атрофаш суруди Яшт суруданд.
Дигар маъбад буд ин чо Маъбади бод,
Шахонро даъват ин чо карда бар дод.
Дар ин чо Зардухушт номовар омад,
Алайхи носазои сарвар омад.
Дар ин чо Готу Яшт;оро суруда,
Авасторо ба шахри Балх бурда.
Зи Балх Искандар уро бурд ба Юнон,
Ба хок яксон намуда мулки Сосон.
Аз он Юнониён ёфтанд баланди,
Ба илму донишу фархангписанди.
Биё бингар, ки андар шахри Карон,
Ба олам шуд падид бозии чавгон.
Яке бозид чавгонро пиёда,
Дигар дар асп савору бо ирода.
Нигар бар суи чавгонгоху гуяш,
Нигар бар лулахои обу чуяш.
Зи Кеврон то Каронро чуйи об бин,
Шукуху шухраташро бе хисоб бин.
Бубин анчиру ангуру анораш,
Гелосу себу нокро дар канораш.
Яке пайрохае орад ба боло,
Туро бар куллаи кух бар тамошо.
Ба Дашти Арку болои Манора,
Ки пайванданд бо моху ситора.
Биёву бин дар ин чо чадди  моён ,
Ч;сон бино намуда касри  шохон.
Дар ин чо кун назар бар лулаи об,
К-аз он арки Манора гашт шодоб.
Яке сохта камингохе дар ин чо ,
Алайхи дузду душманхои бадхо(х).
Аз он чо менамояд дехи Кеврон,
Хаме чун дар кафи дастони посбон.
Хама рохи Чавай то мулки Шурён
Бувад бар чашми бинанда намоён.
Зи Дашти лич то арки Манора,
Бувад рохи пиёда хам савора.
Ки аз Вахёву  Раштону зи Хатлон,
Равад гар кас ба Вахону Бадахшон.
Тамошо кун бубин дехи Нусайро,
Ба зери дашти Арк бин Рузвайро.
Тамошо кун зи болои Манора,
Ба магриб Вомарови номдора.
Биё бингар ки баъди чанд ;азор сол,
Ба Карон омадаст хам бахту икбол.
Кушод Юсуфи Якуб гар Каронро,
Ба души худ гирифт бори гаронро.
Алайхаш як-ду-се точики нопок ,
Сару садхо садо карда ба афлок.
Надида не Карону Маъбади об,
Надида дашти Арку тархи осёб.
Гузар асло накарда суи Карон
Шуданд  инкори  шахру гую чавгон.
Биёву бингар ин м;ъчизахоро,
Ки сохта точики орёи ин чо.
Биё бингар, ки дар  Карон имруз,
Тачалло кард точик чашни Навруз.
Биёву бин шукуху шони Навруз.
Нишин як лахза гирди хони Навруз.
Халоват бар зи нону аз фатираш,
Зи ширмолкулча;ои беназираш.
Зи хавлову суманаку курутоб,
Биёби бахра аз таъми шакароб.
Зи оши палаву оши бурида,
Нагарди сер зи каймоку зи даля.
Нигар бар хони хафт сину ба хафт шин,
Ба гулдузиву асбобхои чубин.
Хама неъмат ки арзон кард Аллох,
Бубини ту дар ин пешина даргох.
Зи гулрудухтарони гулкабопуш.
Талу кухсори Карон гашта гулпуш.
Хама пирони нуронии Дарвоз,
Хамоханг бо чавонони сарафроз.
Ба Наврузгохи Дарвоз чамъ гашта,
Санохон бар бузургони гузашта.
Биё, ту низ Сулаимони дар ин руз,
Зи назмат мехр дар дилхо барафруз.


Рецензии