Касидаи Карон аст
Хазор дардро даво дорад, Карон аст.
Диёре, ки аз он офтоб барояд,
Шукух бе интихо дорад, Карон аст.
Диёре, ки ба олам дод Авасто,
Суруди Яштхо дорад, Карон аст.
Хамеовард Суруш пайгом ба Зардушт,
Фурушро зери по дорад, Карон аст
Биомад аз Бихишту сохта Карон,
Зи Одам (а.с.) чанд саро дорад, Карон аст.
Хамон шахре, ки дорад шаш хазор сол,
Баланди то само дорад, Карон аст.
Ба Карон маъбади об асту оташ,
Нишон аз Ориё дорад, Карон аст.
Бисохта Панчманору г;ю чавгон,
Яке мачлиссаро дорад, Карон аст.
Нишон аз давраи Чам то ба имр;з,
Ба хар сангу гиёх дорад, Карон аст.
Биёфт авлоди Искандар туробаш,
Диёрашро дифо дорад, Карон аст.
Кутайба омаду бахташ нагун шуд,
Ватанхох мардумо дорад, Карон аст.
Алайхи мангиту туркони Кипчок,
Шараф дар синахо дорад, Карон аст.
Мугул омад ба хоки тар фуру рафт,
Сари то Сурайё дорад, Карон аст.
Чу Исмоилу Мансур шохи одил,
Шахи гардунвико(р) дорад, Карон аст.
Ба зидди Шурави бас чоннисор шуд,
Диловарбаччахо дорад, Карон аст.
Чу Хаббову чу Бахрину чу Муъмин,
Малик-уш-шуаро дорад, Карон аст.
Намуда кашфаш ар Юсуфи Якуб,
Кабо аз сабзахо дорад, Карон аст.
Алайхаш як-ду шахси нотавонбин,
Сару садхо садо дорад, Карон аст.
Ба хифзи ному хифзи синну солаш,
Раисчумхур имо дорад, Карон аст.
Чавонону ватанхохони Дарвоз,
Ба Хифзаш сад сахо дорад, Карон аст.
Сулаймони ба васфи шахри Карон,
Сухан бе интихо дорад, Карон аст.
Свидетельство о публикации №116061403097