Аз бустони Дарвоз

Андалебонему аз бўстони Дарвоз омадем,
Бо салому бо калом, бо савту бо соз омадем.
Аз хавои чонфизову обхои ангубин,
Дўстон назди Шумо шоду сарафроз омадем.

Аз сари кухи Фуруш бо панди Зардушти Кабир,
Дар даруни сина пинчон сад хазор роз омадем.
Бо навои «Чорзарб»-и дилкаши Акашариф,
Раксу бозон аз лаби дарёи Хумбов омадем.

Омадем дар озмуни «Андалеб» хонем суруд,
Сад сано гўем Шуморову бигўем сад дуруд.
Бар Шумо орзу намоем бахту икболи накў,
Сулху Вахдат, осмони софи чун Бахри Кабуд.

«Андалеб» ин меваи Сулх асту Истиклоли мост,
Ин садои мардуми хушнуду хушикболи мост.
«Андалеб» ифшогари рози дили хар точик аст,
«Андалеб» мурги хумои бахти беамсоли мост.

«Андалеб» имрўз зи Дарвоз бар Бадахшон омадаст,
Бахри табрики Шумо шеъру газалхон омадаст.
«Андалеб» бар пешвози чашни Истиклоли мо,
Аз Карон то шахри Хоруг болафшон омадаст.


Рецензии