КОРИ МО НЕ Суруди хачви
Дарахт бе мева шуд ин кори мо не.
Раиси хар махал, хар деха имрўз,
Тихиандеша шуд, ин кори мо не.
Накарот
Раис ризо, сардор ризо, мардум ризо не,
Ки мардум норизо, ин кори мо не.
Хама роху хама чўйхои дехот,
Хароб чун беша шуд ин кори мо не.
Ба сумдарду дахандарду шикамдард,
Адо чанд рамма шуд, ин кори мо не.
Накарот
Раис ризо, байтор ризо, мардум ризо не,
Ки мардум норизо, ин кори мо не.
На ширу не паниру тухму чургот,
Чи кори ганда шуд, ин кори мо не.
Чавонон гар зи хизмат мегурезанд,
Военком телба шуд, ин кори мо не.
Накарот
Комиссар ризо, омор ризо, чавонон ризо не,
Чавонон норизо, ин кори мо не.
Свидетельство о публикации №116061402993