Касби камол кун бадеха
Эй махрухи зухрачабин,
Лаъли лабонат ангубин.
Як дам ба назди ман нишин,
То сўхбат ороем ширин.
Духтар:
Рав-рав, ки ман бекор наям,
Хам духтари беор наям.
Монанди ту, эй булхавас,
Дар кўчаву бозор наям.
Писар:
Чонам фидои рўйи ту,
Аз накхати дилчуйи ту.
Биншин даме пахлуи ман,
То сила созам мўйи ту.
Духтар:
Бас-бас ту эй бе илму фан,
Бехуда мегўйи сухан.
Бархез намо касби камол,
То шўхра ёби дар ватан.
Писар:
Илму камоли ман туйи,
Чоху чалоли ман туйи.
Эй сарви хушрафтори ман,
Кабки хилоли ман туйи.
Духтар:
Шаф-шаф нагў эй носазо,
Нестам зи рафторат ризо.
Хохи, ки бини рўйи ман,
Диплом гирифта пас биё.
Писар:
Хастам муаллими забон,
Эй нури харду дидагон.
Хам хизмати модар-ватан,
Бинмудаам ичро ба чон.
Духтар:
Санчидамат гардид аён,
Коил шудам эй навчавон!
Хар ду:
Бошад муроди мову ту,
Бо хам будан, эй дилситон.
Свидетельство о публикации №116061402631