Эхдо ба Бехзод
Сабзаву себаргаву оби равон гул мекунад.
Аз садои ту гулу гулдаставу фасли бахор,
Фасли дай мераваду боги замон гул мекунад.
Аз садоят захмати мардони майдон кам шуда,
Файзу эхсон бар дари хар хонадон гул мекунад.
Аз садои ту садои какраи кабки хилол,
Хам садову хам навои булбулон гул мекунад.
«Дўст медорам туро» мехониву аз ин садо,
Сар ба сар бин чехрахои мардумон гул мекунад.
Чун хамесози ту васфи дилбару модар ватан,
Дил даруни синаат чун гулситон гул мекунад.
Аз садои хубату овози сози дилкашат,
Бехзод! Дарвози мо чун бўстон гул мекунад.
Дар шаби эчодият аз шавку аз завки зиёд,
Шеъру илхоми Сулаймони замон гул мекунад.
Свидетельство о публикации №116061402536