Ба Рухшонаи Хикмат

Рахшанда мисоли мохи тобон боши!
Зебандаи мулки Точикистон боши!
Имрўз, ки ба синни шонздах омадаи,
Дар сад бирави гунчаи хандон боши!
Эй тозабахори миллати точварам,
Сарву сумани богу гулистон боши!
Харгиз навазад боди хазон дар бари тў,
Дар сояи лутфи Шохи Мардон боши!
Бошад хама дам нахли умедат пурбор,
Сарсабз хамеша чун бахорон боши!
То ин ки кунам васфи накўии туро,
Дар бандаи худ Рахиму Рахмон боши!
Лекин ба Сулаймони, ки вассофи ту аст,
Шогирди нави шеъру газалдон боши!


Рецензии