Дарди гурда

Сад дарду фигон зи дарди гурда,
Сад умри хазон зи дарди гурда.
Бингар, ки фишори хун баланд аст,
Бар пиру чавон зи дарди гурда.
Не рохату не саодате хаст,
Андар ду чахон зи дарди гурда.
Чине ба чабин кабуди бар рўй,
Пайдост ба чон зи дарди гурда.
Дах солу ду шуд, ки ёри чонам,
Гашта заъфарон зи дарди гурда.
Рўзону шабону моху солхо,
Буд мори печон зи дарди гурда.
Бо амри Худо табобаташ кард,
Доктур Аминчон зи дарди гурда.
Дард аз дили сарв ворахондаш,
Хам теги хамон зи дарди гурда.
Бишнав газале ба сузу бо соз,
Гуфт Абдурахмон зи дарди гурда.


Рецензии