Заъфарон омадааст

Айёми хушу фасли саодат бигузашт,
Тарфи чаману айшу фарогат бигузашт.
Он давлати ду рўза, ки буд даври шубоб,
Бе мухлату бо суръату шиддат бигузашт.

Бигзашта бахор, фасли хазон омадааст,
Чойи гули лола заъфарон омадааст.
Он комати хамчу сарв гардида камон,
Пириву заифи дав-давон омадааст.

Пири ба бар омаду чавони бигузашт,
Даврони шубобу дилситони бигузашт.
Сокиву майю сўхбати гарму лаби чўй,
Хубии хаёту зиндагони бигузашт.


Рецензии