Ошики дунё нестам

На-на ба Худо ошики дунё нестам,
Ошик ба зару зевару тилло нестам.
Ошикам ба обу хоку кухи Ватанам,
Ман ошики хар чизаки бечо нестам.

Ман дар дили худ ишки нигоре дорам,
Ишки санами лайлиузоре дорам.
Дар сина зи ишки он бути хўрсиришт,
Дар фасли даю тамуз бахоре дорам.

Оре-оре, ошики бадноми вайам,
Чун Юсуфи Канъони дар доми вайам.
Дар ахду вафои ў мисоли Мачнун,
Эй бехабарон, нагардам харгиз зи раъям.

Ман ошики хар дилбари дилчў нестам,
Мафтуни ду чашми масти хинду нестам.
Билло ба Худо ба чуз ту, эй ёри кухан,
Моил ба  ягон бути ситамхў нестам.


Рецензии