Модаро!
Як багал шеъру тарона рўйи дафтар мекунам.
Мекунам васфи туро дар хар хуруфи дафтарам,
Модаро! Номи туро чун точ бар сар мекунам.
Хам туйи тахти ману хам точу меърочам туйи,
Шодии дил, хандаи лаб, шамси офокам туйи.
Модаро! Ман бо дуои ту шудам сохибназар,
Обрўву шухрату толеъи хандонам туйи .
То шудам бар по равон ту муттакоям будаи,
Дар бари гахвора биншаста сафоям будаи.
Модаро! То кардаи бо хуни дил моро калон,
Махзани сидку сафо, мехру вафоям будаи.
Ширам аз пистони пур мехру вафоят додаи,
Панду андарзам зи калби дилкушоят додаи.
Гар яке кори накўе кардаам дар зиндаги,
Модаро! Ёдам ту бо дасти сахоят додаи.
Шодам, ар бо номи ту кори накўе кардаам,
Бахри ободии Дарвозам ручўе кардаам.
Баъди ту ай модаро, афрўхтаам шамъи мурод.
Хар замон бо рўхи покат гуфтугўе кардаам.
Свидетельство о публикации №116061402363