Наг ту зингу умарак
Зи наслхои олии.
Зи кибзу кибр ории,
Нагў ту Зингу Умарак.
Гар умати Мучаммади,
Бандаи Рабби Ахмади,
Донои панч мазхаби,
Нагў ту Зингу Умарак.
Агар, ки хўрдаи ту об,
Зи чашмасори Осиёб,
Зи рўди шўхи Панчоб,
Нагў ту Зингу Умарак.
Зингу Умарак ёваранд,
Ду фарзанди як модаранд,
Ёдгори ша;ри Вомаранд,
Нагў ту Зингу Умарак.
Зодаи аз модар агар,
Нести агар, ки бадпадар,
Акли расо дори ба сар,
Нагў ту Зингу Умарак.
Чу гўшту нохунанд ба ;ам,
Лайливу Мачнунад ба ;ам,
Хамрагу хамхунанд ба хам,
Нагў ту Зингу Умарак.
Нагў, ки оси мешави,
Монанди носи мешави,
Куфри асоси мешави
Нагў ту Зингу Умарак.
Гуфт Абдурахмон шаммае,
Бар мардуми бо каллае,
Дар сар надорад тамае,
Нагў ту Зингу Умарак.
Свидетельство о публикации №116061402334