СОЛИ МУШ

«Сол муш» хирман пури гандум шавад,
Зиндагии хуш бари мардум шавад.

«Соли муш» некном фарзандхо шавад,
Шодию тўйю тамошохо шавад.

«Соли муш» чун хонаи муш доимо,
Хонатон пур бошад, эй марди Худо.

«Соли муш» соли пур аз файзу барор,
Соли хосил бошаду аз кишту кор.

«Соли муш» соли парирўён бувад,
Соли мехру вахдату паймон бувад.

Хар, ки тавлид гардад андар «Соли муш»,
Бо фаросат ояду бо аклу хўш.

Духтар андар «Соли муш» зебо шавад,
Макбул андар дидаву дилхо шавад.

Гар ба «Соли муш» шавад тавлид писар,
Хофизи Куръон шавад, хам пурхунар.

Хохам андар «Соли муш», эй дустон.
Точикистонам шавад чун бустон.
Дар Бадахшон лаъл арзони шавад,
Пахтаи точик миллиони шавад.

Боги ноку себу ангуру анор,
Дар Каротегину дар Вахшу Хисор.

Сугду Хатлону Зарафшон сар ба сар,
Гул кунад, бор оварад, бандад самар.

Мулки точик шухраи дунё шавад,
Дусти дар байнашон илко шавад.

Мешавад бо дусти, эй ахли дин,
Точикистон чаннати руйи замин.


Рецензии