Чу дарои зи дарам

Чу дарои зи дарам нуру зиё меояд,
Ба барам мехру мухаббату вафо меояд.
Ба тани логару афсурдаам неруйи кави,
Ба дилам нашъае аз ишки Худо меояд.

Чу дарои зи дарам хона пури нур шавад,
Базму шоди бирасад дарду алам дур шавад.
Соки лабрез кунад базми тараб аз майи ноб,
То само савти найю гижаку тамбур шавад.

Чу дарои зи дарам фасли бахор меояд,
Фасли дай мегузарад савти хазор меояд.
Сокиву мутрибу шохиду гул андар лаби чуй,
Чи хушо халка зада дидани ёр меояд.


Рецензии