Газел точики

Дар зиндагонии мо гарду ѓубор набвад,
Чун мулки ишќ нозад, хам шоху хам гадоро.
Гуфтам;- макун мухобо, ин дил бисўзад охир!?
Гуфто;- магар набошад ин сўхтан гуворо?
Аз нафси шуми малъун, чангу чидолу афсун,
Моро Худо нигах дор! Ин мулку ин сароро.
Ќаххор ин чи сўзе андар ѓами замона?
Шеъру ѓазал рабояд, ин дуди охи моро.
Гуфтам агар хатое, бахшад маро Худованд,
«Эй шайхи покдомон! Маъзур дор моро»


Рецензии