Гузашт точики

Солхо, чун турнахо аз мазраи дунё гузашт,
Ё ки хамчун охуе аз домани сахро гузашт.
Кўдакиям давраи зеботарини умр буд,
Бо ќалам, бе дарду ѓам, хамсинфхо якчо гузашт.

Гах ќалам хоида дар дил ормоне доштем,
Шўхию бози , гахе шўру фиѓоне доштем.
Гох дар пеши муаллим имтихоне доштем.
Он хама гўё наворе буду пеши мо гузашт.

Занги аввал хам бирафту занги охир хам расид,
Рохи ќисмат хар яки моро ба сўи худ кашид.
Кўдакию наврасию  навбари аз мо рамид,
Ин хама пеши назар гардида нопайдо гузашт.

Ин замон биншаста ин чо ошиќи шайдо кучо?
Духтари шўху бало гулѓунчаи зебо кучо?
Он хама хамсинфхои сода, бепарво кучо?
Корвони зиндаги бо бори умри мо гузашт.


Рецензии